Дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ки дар сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ хабар дода мешавад, мувофиқи лоиҳа ба моддаи 2-и қонун сархати 24-ум илова гардида, тибқи он, минбаъд 6 май ҳамчун «Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ» муайян карда мешавад.

“Дар ин замина, муайян намудани рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ имконият фароҳам меорад, то даҳҳо ҳазор кормандони соҳаҳои касбу кори гуногун, ки бевосита бо маълумоти дорои сирри давлатӣ сару кор доранд, рӯзи касбиро ҷашн гирифта, дар ҳошияи он ҳамасола масъалаҳои мубрами соҳаи мазкурро баррасӣ ва ҳал намоянд”, - омадааст дар хабар.

Чанде пеш ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Барномаи давлатии пурзӯр намудани ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шавад. Барои ин чорабиниҳо то соли 2026 ба сурати умум ҷудо гардидани ҳудуди 15,6 млн сомонӣ (1,5 млн доллар) маблағ пешбинӣ шудааст. Ин маблағҳо аз Буҷети давлатӣ ва “дигар сарчашмаҳо” ҷудо карда мешаванд.

Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ 86-умин иди расмӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Аз ҳамаи 86 рӯзҳои иди расмӣ танҳо дар 9-тоаш рӯзҳои истироҳат эълон шудааст:

- 1 январ - Соли нав;

8 март - Рӯзи модар;

- 21-24 март - Ҷашни байнулмилалии Наврӯз;

- 9 май - Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

- 27 июн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ;

- 9 сентябр - Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- 6 ноябр - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон (ҳар сол аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба умури дин муқаррар карда мешавад).

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.