Дар Душанбе се эстакада сохта мешавад: дар чорроҳаи ба истилоҳ “Профсоюз”, чорроҳаи “Мясокомбинат” ва майдони Ғалаба. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аввали моҳи феврал дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон хабар дода буданд.

Ин хабар саволҳои зиёдеро ба миён гузошт, аз ҷумла оё эстакадаҳое, ки дар ду истгоҳи наздик ба ҳамдигар сохта мешаванд, боз танбашавии зиёдтарро ба вуҷуд намеоранд?

Лутфулло Исмоилзода, коршиноси лоиҳаи сохтмони эстакадаҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон он замон ба “Азия-Плюс” шарҳ дода буд, ки:

- эстакада ё роҳи дуқабатаи якум дар гардиши кӯчаи Сино ё маъруф ба гардиши “Профсоюз” дар назар аст ва он кӯчаи Сино (Профсоюз)-ро ба кӯчаи Борбад (собиқ бозори “Ҷал-Ҷам) пайваст мекунад. Дар қабати дуввум роҳи хиёбони Саъдии Шерозӣ идома мекунад;

Чорроҳаи назди Сирк
Asia-Plus

- эстакадаи дуюм дар гардиш аз корхонаи нассоҷӣ ба сӯйи комбинати гӯшт (Мясокомбинат), кӯчаи Ҳофизи Шерозиро, ки аз самти “Наврӯзгоҳ” меояд, ба кӯчаи Қаҳҳоров, ба самти “Мясокомбинат” пайваст мекунад. Дар қабати дуввум мошинҳои самти кӯчаи Саъдии Шерозӣ мегузаранд;

- эстакадаи сеюм дар ҷойи майдони Ғалаба (маъмул миёни мардум бо ибораи “Танк”) кӯчаҳои Шевченко бо Назаршоев ва хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ бо Айниро пайваст мекунад.

Майдони Ғалаба
Asia-Plus

Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки дар робита ба ин тахриби биноҳои истиқоматӣ дар назар нест, чунки онҳо аз дур ҷойгиранд, танҳо бинои РВКД дар шаҳри Душанбе тахриб карда мешаваду халос.

“Лоиҳа омода аст, лекин пурра тасдиқ нашудааст”

Инак, ин эстакадаҳо танбашавиҳоро боз зиёдтар намекунанд? Муҷассамаи майдони Ғалабро куҷо мебаранд. Оё пули роҳи оҳан дар Текстил ва пул аз болои дарёи Душанбе васеъ карда мешавад?

Ва аз ҳама муҳимаш, барои Душанбе ин қадар бисёр эстакадаҳо лозиманд?

Ба ин ва дигар саволҳои “Азия-Плюс” директори Институти лоиҳакашии иншооти нақлиёти назди Вазорати нақлиёт Валӣ Махсум посух гуфт.

Пули болои дарёи Душанбе
Asia-Plus

Сохтмони эстакадаҳо бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе амалӣ шуда, нақшаи он аз сохтмони эстакадҳои зикршуда ва пули “Текстил”, ки васеъ карданаш ба нақша гирифта шудааст, иборат аст.

“Ҳозир корҳои лоиҳакашӣ ҷараён доранд ва ҳамзамон масъалае мавриди ҳаллу фасл қарор дорад, ки чӣ гуна амал кардан лозим аст, то ки дар давраи сохтмон дар роҳҳо танбашавӣ набошад. Аз рӯи ин масъала лоиҳаи ташкили сохтмон омода мешавад. Ҳамаи ҷузъиёт, аз ҷумла ҷадвали роҳҳо, дар марҳилаи таҳия қарор доранд”, - шарҳ дод ӯ.

Мо кӯшиш кардем, ки нақшаи эстакадаҳоро ба даст орем, лекин Валӣ Махсум гуфт, “муаррифии он ҳоло барвақт аст”.

“Лоиҳа омода, лекин пурра тасдиқ нашудааст, аз ин рӯ нишон додани он ҳоло барвақт аст. Ба фикрам, ин баъди якчанд моҳ имконпазир мегардад. Дар робита ба корҳои сохтмон метавон гуфт, ки ба гумони ғолиб, онҳо нимаи ҳамин сол  ё аввали соли 2024 оғоз мешаванд. Гап сари он аст, ки масоили тахриби кадом  иншоот, эълони тендери байнулмилалиро ҳал кардан зарур аст. Пас аз ин паймонкорро интихоб кардан лозим аст, ки тибқи қоидаҳои байнулмилалӣ, барои ҳалли ин масъала камаш 6 моҳ лозим аст”, - мегӯяд Валӣ Махсум.
Asia-Plus

Дар ҳамин ҳол, ӯ итминон дод, ки эстакадаҳои нав танбашавиро ба вуҷуд намеоранд, балки онҳоро кам мекунанд, зеро дар ин қитъаҳо “ҳаракати нақлиёт” бетаваққуф мешавад”.

“Чаро дар ин қитъаҳо танбашавӣ ба вуҷуд меояд? Барои ин ки нақлиёт дар чорроҳаҳо вомехӯрад. Ҳамаи ин чорроҳаҳо дар як сатҳанд ва вақте одамон ба якдигар роҳ медиҳанд, танбашавиҳо ба вуҷуд меоянд. Вақте ки эстакадаҳо сохта шуданд, ҳаракат дар чорроҳаҳо дар ду қабат сурат мегирад. Албатта, роҳҳо васеъ карда мешаванд. Масалан, ба роҳҳо ба самти Сирк аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то кӯчаи Айнӣ ва Шевченко боз як хат илова мешавад. Пиёдагардҳо ҳам васеъ карда мешаванд”.

Ба гуфтаи Валӣ Махсум, васеъ кардани Пули роҳи оҳан (дар Текстил) ва пули болои дарёи Душанбе низ дар назар аст.

Пули роҳи оҳан дар "Текстил"
Asia-Plus

“Дар буриши пули болои дарё ҳамеша танбашавӣ ба вуҷуд меояд. Мувофиқи лоиҳаи нав, агар аз “Султони Кабир” ба самти кӯчаи Соҳилӣ равед, онҷо бозгашт намешавад - дарҳод эстакада ҷойгир хоҳад шуд. Аз самти “Текстилкомбинат” низ ҳамин хел мешавад - он ҷо гардиш ба самти чап мешавад, то ки танбашавӣ ба вуҷуд наояд”, - шарҳ дод мутахассис.

Ттанбашавии мошинҳо дар роҳи назди пули болои дарёи Душанбе
Asia-Plus

Майдони Ғалаба, метро

Дар майдони Ғалаба, ки он ҷо эстакадаи дуюм сохта мешавад, барои ҳамаи сокинони Душанбе ёдгории муҳим - танки маъруфи ИС-2 (Иосиф Сталин) ҷойгир аст, ки дар амалиёти ҳарбии Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардааст.  

 “То ҷое, ки медонам, ёдгорӣ ба Боғи Ғалаба кӯчонида мешавад. Дар он ҷо барои он ҷойи алоҳида ҷудо шудааст”, - гуфт директори Интситути лоиҳакашии иншооти нақлиёт.
Маҷмааи ёдгории Ғалаба
Asia-Plus

Боз як масъалаи дигар - то куҷо мувофиқат доштани нақшаҳои нав (эстакадаҳо) бо қарори сохтмони метрополитен дар пойтахт аст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли гузашта байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Ширкати роҳи оҳани Корея дар бораи сохтмони метро Ёддошт ба имзо расид.

Қаблан соли 2019 дар шаҳрдории Душанбе хабар дода буданд, ки шохаи аввали метрополитени пойтахт ҳавоӣ мешавад ва дарвозаҳои ғарбиро  (ба самти вилояти Хатлон) бо мавзеи Сирк (аз Корвон то Гулистон) пайваст месозад.

Мувофиқи Нақшаи генералии Душанбе, шохаи аввал охири соли 2040 мавриди амал қарор мегирад. Масъалаи имкони сохтмони қитъаҳои зеризаминӣ низ мавриди омӯзиш қарор гирифта буд.

Ва боз ҳам ба ин нақша мавзеи Сирк дохил аст. Аз ин рӯ, саволе ба миён меояд - оё метро ва эстакада ба ҳамдигар халал намерасонанд?

Инчунин ба сурати умум симои роҳҳо чӣ гуна хоҳад буд?

Asia-Plus

Валӣ Махсум мегӯяд, ба ин саволҳо айни замон посух нест.

“Тавре ки медонед, се навъи метро ҳаст, зеризаминӣ, заминӣ ва ҳавоӣ. Айни замон варинатҳои барои шаҳри мо мувофиқ баррасӣ мешаванд. Ҳоло ягон чизи мушаххас гуфтан душвор аст. Он дар нақшаи шаҳр ҳаст, лекин то кадом андоза пурсамар будан ва тарзи сохтмони онро ҳал кардан лозим аст. Дар робита ба халал расонидани эстакада ва метро ба ҳамдигар, ҳамааш ба назар гирифта шудааст, дар ин хусус нигарон будан лозим нест”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.