Дар Душанбе ҳамин ҳафта бори нахуст барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия рафтан мехоҳанд, аз забони русӣ имтиҳон гирифта мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Муассисаи давлатии “«Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар пойтахт. Имтиҳон дар ҳамин муассиса супорида мешавад.

Баргузории имтиҳон дар доираи созишномаи имзошуда дар моҳи декабри соли гузашта бо Маркази тести забони русии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург сурат мегирад.

Рӯзи баргузории имтиҳон ҳоло маълум нест.

“Бори аввал 30 нафар бепул имтиҳон супорида метавонанд, зеро ин таҷрибаи аввалини баргузории чунин имтиҳон дар Тоҷикистон аст”, - шарҳ доданд дар ин муассисаи давлатӣ.

Ба иттилои манбаъ, пас аз муваффақона супурдани имтиҳон ба муҳлати панҷ сол шаҳодатнома (сертификат) дар бораи донистани забони русӣ дода мешавад.

Зикр шуд, ки агар супурдани имтиҳон аз рӯи ҳамаи меъёрҳои зарурӣ анҷом ёбад, минбаъд санҷиши донистани забони русӣ барои муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Тоҷикистон гузаронида мешавад. Лекин он пулакӣ хоҳад буд.

Дар муассиса тавсия доданд, ки барои дарёфти маълумоти муфассал дар ин бора ба телефонҳои 2250575, 2250221 муроҷиат кардан лозим аст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва КВДФ «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и ВКД-и Русия др бораи таъсиси намояндагии ин корхонаи Русия дар Душанбе созишнома ба имзо расид.

Зикр гардида буд, ки таъсиси намояндагии КВДФ «Хадамоти шиноснома ва раводид» дар Тоҷикистон ба шаҳрвандони мо барои гузаштани бақайдгирии изи ангушт ва гирифтани патент ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, шаҳодатнома оид ба донистани забони русӣ ва асосҳои қонунгузории Русия пеш аз сафар ба ин кишвар мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон кишвари дуюмест, ки Маскав бо он дар доираи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ ҳамкорӣ ба роҳ мемонад. Соли 2021 намояндагии ин корхона дар Ӯзбекистон ба фаъолият оғоз намуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.