Дар маркази савдои “Ватан”-и шаҳри Душанбе аввали ҳафтаи равон бо тоҷирони ин марказ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт хабар медиҳад.

Дар хабар зикр мешавад, ки “масъалаи бегонапарастӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мо яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб рафта, аҳли ҷомеаро мебояд, ки ба ин зуҳурот бетараф набуда, дар якҷоягӣ бар зидди паҳн шудани урфу одатҳои ба фарҳанги мо бегона мубориза барем”.

“Тавре ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, яке аз зуҳуроти нангин дар ҷомеаи муосир, ин бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, сиёсатмадорону фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза ба хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро дар назди халқу Ватан софдилона иҷро намоем...", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, бо ин мақсад, тибқи дастуру супоришҳои ҳукумати ва супориши раиси ноҳия Сафар Олимзода гурӯҳи корӣ тасдиқ карда шуда, дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, бо тоҷирони  Маркази савдои "Ватан" корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.

1/4

Зимнан зикр мегардад, ки чунин сӯҳбатҳо дар дигар нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳои ҳудуди ноҳия роҳандозӣ хоҳанд шуд.

Ёдрас мекунем, ки санади қонунгузорӣ оид ба “воридоту фурӯш ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” дар кишвар моҳи майи соли 2024 бо тағйирот ба қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” (моддаи 18) ҷорӣ шуд.

Аммо мафҳуми “либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” ба тарзҳои гуногун шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Вакили парлумон Муҷибахон Гавҳарӣ дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуда буд, ки зери мафҳуми “либоси бегона” дар баробари ҳиҷоб ва сатр, инчунин, "абаяҳо"-и дароз ва сиёҳ, ки аз кишварҳои арабӣ омадаанд, ҷинсҳои дарида ва либосҳои хеле кӯтоҳ ва нимурён дохил мешаванд, ки дар асоси қонуни нав пӯшидани онҳо манъ аст.

Муовини вазири фарҳангӣ ҷумҳурӣ Давлат Сафар дар навбати худ зимни нишасти матбуотӣ дар робита ба ин масъала чунин изори назар кард: “Сарулибоси аврупоӣ барои фарҳанги мо бегона аст”.

Зимни мусоҳиба ба “Азия-Плюс” худи тоҷирону фурӯшандагони изҳор намуданд, ки ҳоло аз фурӯши ҳиҷобу либосҳои арабӣ даст кашидаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.