Чанде пеш дар IT-Park Dushanbe нишасти матбуотии Агентии инноватсияҳо ва технологияҳои рақамии назди президенти Тоҷикистон баргузор шуд. Директори Агентӣ Хуршед Файзуллозода дар бораи дастовардҳои калидии табдили рақамии кишвар маълумот дода, ба саволҳои рӯзноманигорон посух гуфт.

Яке аз муаррифҳои асосӣ оғози кори мукаммали портали ehukumat.tj буд, ки он платформаи ягонаи рақамӣ барои пешниҳоди ариза, дарёфти маълумотномаҳо (справкаҳо) ва амалу робитаи мутақобила бо сохторҳои давлатӣ аст.

Аз замони роҳандозии версияи санҷишӣ дар моҳи марти соли 2025 зиёда аз 1,5 млн нафар аз портал боздид намуда, шумори муроҷиатҳо барои дарёфти хидматрасониҳои давлатӣ тариқи онлайн зиёда аз 280 ҳазорро ташкил дод.  

ehukumat.tj чист?

Ин платформаи давлатии онлайн аст, ки бо ёрии он шаҳрвандон ва намояндагони тиҷорат метавонанд дар шакли элекронӣ хидматрасониҳо дарёфт намоянд: анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо, пешниҳоди аризаву дархост, пайгирии ҷараёни баррасии онҳо ва мустақиман муроҷиат намудан ба мақомоти давлатӣ.

Сурат: Asia-Plus

Айни замон 20 хидматрасонии давлатии электронӣ дар портал дастрас буда, то охири сол теъдоди онҳо ба зиёда аз 50 адад мерасад.

Хидматрасониҳо тибқи категорияҳо тасниф шудаанд: нақлиёт, маориф, амволи ғайиманқул, Хоҷагии манзилию коммуналӣ, маълумотномаҳо, гумрук ва ғайра. Аллакай ҳозир метавон имзои электронӣ гирифт ва барои идораи автомашина ё иҷоза барои сохтмон ваколатнома ба расмият даровард.

Дар ҳоли ҳозир 45 ташкилоту муассисаи давлатӣ, аз ҷумла вазорату идора, агентиву кумитаҳо ва шаҳрдорӣ ба платформа пайваст шудаанд.

Сардори Агентии инноватсияҳо ва технологияҳои рақамии назди президенти Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода
Сурат: Asia-Plus

Ҳуши маснӯии Bonoor

Дар нишасти матбуотӣ ба масъалаи рушди низомҳои ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ) низ  таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Намояндагони Агентӣ зикр карданд, ки дастгоҳҳои хидматрасониҳои байнулмилалиии ҳуши маснӯӣ, аз ҷумла ChatGPT ҳоло ба таври бояду шояд аз уҳдаи иҷрои корҳои марбут ба забони тоҷикӣ намебароянд.

Сурат: Asia-Plus

Дар ин робита таҳти унвони Bonoor ҳуши маснӯии ватанӣ таҳия шудааст, ки барои фаҳмишу дарк ва коркарди нутқи тоҷикӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Дар ин чорабинӣ кори Bonoor нишон дода шуд: ба он бо забони тоҷикӣ саволҳо пешниҳод гардида, дастгоҳ посухҳои фаҳмо ва дақиқ дод ва инчунин сатҳи баланди мутобиқаташ ва махсусиятҳои забон аён гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.