Моҳи октябри соли равон вазъи ҳаво дар Тоҷикистон ба сурати умум ба меъёри иқлимӣ мутобиқат буда,  баъзан 1-2 дараҷа гармтар аз меъёри муқаррарӣ мешаванд, хабар медиҳад Оҷонсии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

 

Вилояти Хатлон ва водиҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ

Нимаи аввали моҳ, шабона ҳарорат аз 12 то 17 дараҷа гарм, рӯзона аз 28 то 33 дараҷа гарм дар назар аст. Дар даҳаи дуюм ва сеюми моҳ ҳарорат шабона то 3-14 дараҷа гарм ва рӯзона то 14-25 дараҷа гарм поин меравад.

Боришот аз нимаи моҳ оғоз мегардад. Миқдори онҳо дар ҳудуди меъёр ва каме поинтар аз он пешбинӣ мешавад. Баъзан пурқувват шудани суръати вазидани шамол то 15-20 м/сония ва фаромадани туман дар назар аст.

 

Вилояти Суғд

Дар водиҳо ҳаррати миёна 13-16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 5-9 дараҷа гармӣ пешбинӣ мешавад. Даҳаи аввал, рӯзона ҳарорат 22-27 дараҷа ва шабона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Нимаи дуюми моҳ поинравии ҳарорат пешбинӣ мешавад: шабона 3-11 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо 0-5 дараҷа гарм ва рӯзона 6-23 дараҷа гарм. Боришот дар ҳудуди меъёр ва поинтар аз он дар назар аст. Суръати вазиши шамол - то 15-20 м/сония.

 

Кӯҳистони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби ВМКБ

Ҳарорати миёна дар ин минтақаҳо дар сатҳи 9-17 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад. Дар даҳаи аввал, шабона 7-12 дараҷа гарм, рӯзона - 21-26 дараҷа гарм аст. Дар даҳаи дуюм ва сеюм, шабона аз 4 дараҷа гарм то 3 дараҷа хунук, рӯзона - 8-19 дараҷа гарм.

Боришот дар ҳудуди меъёр ё камтар аз он дар назар аст. Баъзан пурзӯршавии суръати вазидани шамол ва фаромадани туман аз эҳтимол дур нест.


 

Ноҳияҳои шарқи ВМКБ

Дар ин ҷо ҳарорати миёна наздики 0-2 дараҷа хунук (ҳудуди меъёр - 1-3 дараҷа хунук). Ҳарорат дар даҳаи аввали моҳ, шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона - 8-23 дараҷа гарм. Дар даҳаи дуюм ва сеюм, шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона - 3-8 дараҷа гарм ва баъзан аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм.

Боришоти кам дар назар аст. Дар баъзе рӯзҳо суръати вазидани шамол то 15-20 м/сония пурзӯр мешавад.

 

Пешгӯии умумӣ

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, нимаи дуюми моҳи октябр ҳарорат дар Тоҷикистон, бахусус шабона аз тадриҷан поин меравад.

Сарфи назар аз фарорасии сардиҳо, боришоти ҷиддӣ пешгӯӣ намешавад, лекин баъзан дар рӯзҳои ҷудогона шамоли сахт ва фаромадани туман имконпазир аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.