Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин субҳи имрӯз барои мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин вориди Русия шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Ким Чен Инро дар истгоҳи марзии Хасан губернатори Примори Олег Кожемяко ва вазири рушди Шарқи дури Русия Александр Козлов пешвоз гирифтанд. Ба пешвози Ким Чен Ин дар баробари мансабдорон духтарони рус бо либоси миллӣ низ баромаданд.

Гуфта мешавад, Ким Чен Ин дар Хасан аз Хонаи дӯстии Русияву Кореяи Шимолӣ, ки бо номи "хонаи Ким Ир Сен" маъруф аст, боздид кард. Ин хона соли 1986 дар остонаи сафари падари ӯ ба Русия бунёд шуда буд. Сипас қатораи раҳбари Кореяи Шимолӣ озими Владивосток шуда, 25 апрел бо Путин мулоқот хоҳад кард.

Қарор аст, раҳбарони Русия ва Кореияи Шимолӣ нахуст мулоқоти як ба як анҷом дода, сипас гуфтугӯи ҳайатҳои ду ҷониб баргузор хоҳад шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки Ким Чен Ин аз замони президенти Кореяи Шимолӣ шуданаш дар соли 2011 ба ин сӯ ягон бор ба Русия нарафтааст ва бо Путин ҳам мулоқот накардааст.