Алина Кабаева, қаҳрамони бозиҳои Олимӣ аз Русия давоми як сол дар "Гурӯҳи расонаҳои миллӣ" (ГРМ) 758 млн 400 ҳазор рубл даромад кардааст.

Дар ин бора Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба нашрияи The Insider хабар медиҳад. Юрий Ковалчук, яке аз саҳҳомони ГРМ дӯст ва ҳамсояи пешини Владимир Путин, президенти Русия аст.

Гуфта мешавад, Алина Кабаева мансаби раиси шӯрои мудирони ГРМ-ро дар ихтиёр дорад. Зиёда аз 758 миллион рубл даромад кардани Кабаева марбут ба соли 2018 аст. Маълум нест, ки оё вай солҳои дигар ҳам ҳамин миқдор маблағ даромад кардааст ё на.

Зикр мегардад, ки Кабаева дар соли 2014 ба мақоми раиси шӯрои мудирони "Гурӯҳи расонаҳои миллӣ" расид. ГРМ бузургтарин медиахолдинги хусусӣ дар Русия, ки Шабакаи панҷум, РЕН, нашрияҳои "Спорт-экспресс" ва "Известия"-ро дар ихтиёр ва дар Шабакаи аввалу СТС-и Русия саҳм дорад. Моҳи окятбр бо синамохонаи онлайнии Netflix ҳамкориро шурӯъ кард.

В 2008 году газета "Московский корреспондент" объявила, что президент России Владимир Путин развёлся с женой и собирается жениться на Алине Кабаевой. Сразу после публикации издание приостановило свою работу, а позднее было закрыто.

Соли 2008 газетаи "Московский корреспондент" эълон нашр кард, ки президенти Русия Владимир Путин аз ҳамсараш ҷудо шуда, тасмим дорад, бо Алина Кабаева издивоҷ кунад. Дарҳол баъди нашри ин мавод нашрия аввал фаъолияташро боздошта, баъдан баста шуд.

Қобили зикр аст, ки Владимир Путин ва Алина Кабаева дар бораи ҳаёти хусусии худ суҳбат намекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.