Коршиноси дигар талошҳои бархе аз сиёсатмадоронро барои маблағгузорӣ ё пуштибонӣ аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хатарнок унвон кард.

То моҳи октябри соли ҷорӣ гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон метавонанд ба Осиёи Марказӣ ва маҳз ба Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом диҳанд. Дар ин бора Марс Сариев, сиёсатшинос аз Қирғизистон зимни як мизи мудаввар изҳори назар кардааст, хабар медиҳад EADaily.

Коршинос иброз доштааст, ки барои Амрико Афғонистон бо режими феълии Толибон* василаи ноамн кардани вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Марс Сариев
Акс аз шабакаи иҷтимоӣ

“Нерӯҳои НАТО барои Толибон* бисёр аслиҳа ва техникаи низомӣ боқӣ гузоштанд. Дар баробари ин, ҳаракат таҷрибаи мусбати идоракунии давлатӣ ва таъмини ҳаёти осоишта надорад. Фикр мекунам, стратегҳои Ғарб ба он умед мебанданд, ки Толибон* аз ӯҳдаи идораи кишвар набаромада, барои ҷангидан ба кишварҳои ҳамсоя мераванд. Яъне он чиро, ки аз ҳама беҳтар аз дасташон меояд, анҷом хоҳанд дод”, - шарҳ додааст Сариев.

Ба ақидаи сиёсатшинос, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия бояд “сиёсати муштарак таҳия намуда, барои муқобила бо тарҳи харобиовари ғарбӣ як маркази таҳлилӣ таъсис диҳанд”.

“Агар ҳар кадоме алоҳида бидуни таҳияи стратегияи ягона сиёсати ноустувори худро идома диҳанд, пас Афғонистон зери идораи маркази консептуалии ғарбӣ қарор мегирад”, - огоҳ кардааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Сафаров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, гуфтааст, пас аз ба қудрат расидани Толибон* таҳдидҳо дар минтақа ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.

Сайфулло Сафаров
Манбаъ: tj.sputniknews.ru

“Давоми як сол қочоқи маводи мухаддир тариқи Тоҷикистон се баробар афзуда, илова бар ин, дар Бадахшони Афғонистон гурӯҳҳои зиёди террористии мухолифи ҳамдигар ҷамъ шудаанд. Онҳо ба амнияти Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”, - иброз доштааст С. Сафаров.

Сайфулло Сафаров зикр кардааст, ки тибқи гузориши ахири СММ, дар Афғонистон ҳудуди 10 ҳазор ҷангиён мустақар буда, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки аз ҷониби гурӯҳҳои этникии бузурги Афғонистон (асосан тоҷикон) дар муқобили Толибон таъсис ёфтааст, низ тақҳким меёбад.

Роҳбари Маҳфили таҳлии Авруосиё Никита Мендкович бошад, таъкид мекунад, ки Русия ва давлатҳои Осиёи Миёна ҷуз муколама бо ҳукумати кунунии Афғонистон чорае надоранд.

Никита Мендкович
Манбаъ: infosmi.net

Ин коршинос кӯшиши маблағгузорӣ ва ё ҳимояи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз ҷониби баъзе аз сиёсатмадоронро хатарнок номида, гуфтааст, “гурӯҳе дар Тоҷикистон аз ин шӯришгарон хушашон меояд, аммо ба онҳо такя кардан нашояд. Онҳо дар солҳои наздик ба сиёсати воқеӣ таъсир расонида наметавонанд”.

Аз ин лиҳоз, Никита Мендкович пешниҳод кардааст, ки “дар қиболи Афғонистон бояд мавқеи мушаххас таҳия карда шавад”.

Фаридун Усмонов, директори фонди «Гуфтугӯи тамаддунҳо» иброз доштааст, ки “ҳукумати туштуро ҳамчун билоиваз муаррифӣ кардан нодуруст ва ҳатто хатарнок аст”.

“Афғонистон гуногунмиллат аст. Дар ин ҷо бояд ҳукумати ҳамашумул, бо ворид кардани ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, ҷараёнҳо ва миллатҳо ба он, таъсис дод”, - зикр кардааст Ф. Усмонов.

Фаридун Усмонов
Акс аз шабакаи иҷтимоӣ

Ӯ таъкид кардааст, ки миёни кишварҳои Осиёи Миёна Тоҷикистон бештар аз ҳама осебпазир аст. “Мо бо Афғонистон 1400 км марзи муштарак дорем, 40 – 47 дарсади аҳолии ин кишвар тоҷиконанд. Мо наметавонем бе ташвиш бошем. Аз ин лиҳоз, роҳи беҳтарини рушди Афғонистон ин ташкили федератсия бо додани ваколатҳои хос барои минтақаҳо мебошад. Бидуни ин дар Афғонистон давлати ягонаи осоишта ташкил кардан душвор аст”.

Ҳамчунин, Фаридун Усмонов ба ин андешае, ки Толибон* қудратро дар даст доранд ва вазъи кунунии давлат зери назорати онҳо аст, бо шубҳа нигариста, гуфтааст, ки “онҳо гурӯҳҳои хешро назорат карда наметавонанд” ва бо назардошти амалиёти охирини хадамоти махсуси Амрико барои маҳви Айман аз-Завоҳирӣ, тазаккур додааст, ки “Толибон зери назорати Амрико ҳастанд”.

Матлаб бо каме ихтисор нашр мешавад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.