Танкҳои нав ба Украина ва ҳамлаи артиши Русия; оташзании Қуръон дар Шветсия ва посухи Туркия; пирӯзии неруҳои ғарбгаро дар Чехия - ин ва дигар хабарҳо дар шарҳи ҳаводиси байналмилалии ҳафтаи гузашта.

Тонкҳои истеҳсоли кишварҳои Ғарб ба Украина

Яке аз хабарҳои баҳсбарангези ҳафтаи гузашта тасмими ниҳоии Иттиҳоди Аврупо ва ИМА дар бораи тасмими ба Украина додани миқдори зиёди танку аслиҳаи ҳамла ба Украина буд.

Муддати тӯлонӣ, сарфи назар аз муроҷиатҳои чандинкаратаи раҳбарияти Украина, кишварҳои НАТО (Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ) бо баҳонаи шиддат нагирифтани вазъият дар минтақаи низоъ, ки дар он як қудрати ҳастаӣ (ядроӣ), яъне Русия бевосита иштирок дорад, аз интиқоли силоҳи ҳамлавӣ худдорӣ карданд. Аз ҷумла, Олмон муддати зиёде ба интиқоли танкҳои “Леопард”, ки бисёре аз кишварҳои НАТО бо он мусаллаҳанд, розӣ набуд.

Бо вуҷуди ин, рӯзи душанбеи гузашта дар ниҳоят ин тасмим гирифта шуда, ғайр аз Олмон ва ИМА, ба "эътилофи танкӣ" 10 кишвари ғарбӣ шомил шуданд. Дар маҷмӯъ, ба иттилои хабаргузории Reuters, ба Украина интиқоли 321 танки ғарбӣ, аз ҷумла беш аз 100 тонки "Леопард" (Leopard) дар назар аст. Амрикоиҳо 30 танки "АБРАМС" медиҳанд ва дар ҳамин ҳол, Вашингтон изҳор мекунад, ки омода аст чӣ миқдоре, ки барои Украина зарур аст, танк интиқол диҳад.

Танкҳои "Леопард"
Wikipedia Bundeswehr-Fotos

Илова бар ин, Лаҳистон (Полша) ба Украина ваъда дод, ки 60 танки РТ-92 медиҳад, ки шакли таҷдидшудаи тонки шӯравии Т-72 мебошад.

Охири моҳи январ, бино ба гузориши расонаҳои СНБС, сарвазири Лаҳистон (Полша) Матеуш Мораветски гуфт, агар Олмон ба интиқоли танкҳои Leopard ба Украина розӣ нашавад, кишвараш омода аст, ки "эътилофи хурд"-и кишварҳоеро таъсис диҳад, ки дар ҳама гуна вақт ба фиристодани танкҳо омодаанд.

Воқеан, ягона кишваре аз иттифоқчиёни Русия, ки интиқоли танкҳо ва таҷҳизоти ҳамла ба Украинаро шадидан маҳкум кард, Кореяи Шимолӣ буд. Дар ин робита, «Московский комсомолец» менависад, ки роҳбарияти Кореияи Шимолӣ дар изҳороти худ ин амалро “нияти нопок”-и ИМА ва муттаҳидонаш номид.

Ба иттилои нашрия, Ким Ё Чжон, хоҳари раҳбари Кореяи Шимолӣ изҳор доштааст, ки Амрико ва кишварҳои ғарбӣ "хати сурх"-ро убур кардаанд ва қавл додааст, ки Кореяи Шимолӣ бо артиш ва мардуми Русия "ҳамеша дар як хандақ" хоҳанд буд.

Дар ҳар сурат, интиқоли аслиҳаи вазнин ба Украина аз кашол додани ҷанг, ҳадди ақал то охири соли ҷорӣ гувоҳӣ медиҳад. Он инчунин аз нияти беҳтар кардани мавқеъ дар ҷанг шаҳодат медиҳад, вақте ҳар ду ҷониб эҳтимол дар моҳҳои оянда ҳамлаҳои азимро ба нақша гирифтаанд.

Abrams M1A2 SEP бо комплекти насбшудаи TUSK барои ҷанг дар шаҳр
Сурат: flickr.com, commons.wikimedia.org

Ба иттилои манбаъҳои ғарбӣ, Русия метавонад дар се моҳи оянда, яъне қабл аз вуруди нахустин танкҳои ғарбӣ ба Украина, ба ҳамлаи густурда шурӯъ кунад. Ба ин тариқ, Bloomberg бо такя ба манобеъи Кремл, аз ҳамлаи тарҳрезишудаи нерӯҳои Русия дар моҳҳои феврал-марти соли 2023 хабар дод.

Агентӣ менависад, Путин мутмаин аст, ки таҳаммулпазирии Русия дар баробари талафоти зиёди низомӣ ба ӯ имкон медиҳад, ки дар ҷанг дар дарозмуддат пирӯз шавад.

Угледар: ҳамлаи нави артиши Русия

Рӯзи 27 январ ҳамлаи артиши Русия ба шаҳри Угледари Украина, воқеъ дар Донбасс шурӯъ шуд. Дар ин робита хабаргузории Sputnik-и Русия иттилоъ медиҳад, кинизомиёни рус вориди шаҳр шуда ва дар канори он мустақар шудаанд. Инчунин гуфта мешавад, ки вазифаи асосӣ на ба таври рӯ ба рӯ ҳамла кардан ба Угледар, балки тасарруфи шаҳр аз рӯи шабеҳи Соледар, яъне тариқи ба ҳалқа гирифтан аст.

Вазъи низомию сиёсӣ дар Донбасс баҳси эҳтимоли мавҷи дуюми сафарбарӣ дар Русияро аз сар гирифт. Ҳамин тавр, рӯзи 24 январ хабаргузории “Медуза” бо такя ба CNN хабар дод, ки президенти Русия Владимир Путин имкони баргузории боз як мавҷи сафарбаркунӣ ва ҷалби то 200 ҳазор нафар ба артишро баррасӣ мекунад.

Манобеъи CNN аз мансабдорони Русия ва Ғарб гӯё пешбинӣ кардаанд, ки мавҷи нави сафарбаркунӣ "оромтар" хоҳад буд, яъне расман эълон нахоҳад шуд.

Барои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояи он суол ин аст, ки сафарбарӣ то чӣ андоза ва дар кадом шакл ба мардуми ин минтақа – ҳам муҳоҷирони корӣ ва ҳам дорандагони шиносномаҳои Русия таъсир мерасонад.

Аз ин лиҳоз, ҳафтаи гузашта таваҷҷуҳи ҷомеъаро гузоришҳои як қатор расонаҳо дар бораи аз ҷониби мақомоти Русия ҷорӣ кардани маҳдудияти хуруҷи зодагони кишварҳои ИДМ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ҷалб кард. Аз ҷумла, дар ин робита Радиои Free Europe бо такя ба чанд зодагони Қирғизистону Тоҷикистон хабар дод, ки онҳо мехостанд ба ватани таърихии худ бираванд, вале натавонистаанд марзро убур кунанд.

Гусели сафарбаршудагон дар вокзали Тюмен, ноябри соли 2022
Сурат: ТАСС

Яке аз ҳамсӯҳбатони радио гуфтааст, дар марз ба ӯ хабар додаанд, ки номаш дар феҳрасти сафарбарӣ шомил аст ва ӯ то 12 феврал ҳаққи сафар ба хориҷро надорад. Ҳамчунин, ба гуфтаи радио, шаҳрвандони навро барои сӯҳбат ба комиссариатҳои ҳарбӣ даъват ва дар фурудгоҳҳо боздошт мекунанд. Дар ин замина, дар ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоӣ гузоришҳо дар бораи фавтҳои зодагони минтақа дар Украина хеле нигаронкунанда қабул мешаванд.

Ба иттилои Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ, ҳафтаи гузашта дар Ҳисор як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро, ки дар Русия муҳлати зиндонро сипарӣ мекарду дар ҷанги Украина ҷон бохтааст, ба хок супурданд.

Ин панҷумин ҳодисаи марги маълуми тоҷикистониён дар ду моҳи ахир аст, дар ҳоле ки шумори умумӣ ва ҳатто тахминии фавтидагон маълум нест.

Аксари дар ин рӯйхат зикршудагон дар замони сафарбаркунӣ адои ҷазо мекарданд, аммо мақомоти Русия иттилоъ дар бораи сафарбарии маҳбусон аз Русия ва интиқоли онҳо ба Украинаро на тасдиқ мекунанду на инкор.

Зарбаҳои ҳавоӣ ба Эрон

Рӯзи якшанбеи 29 январ бо гузоришҳо дар бораи анҷоми як силсила ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин (беспилотник) ба чанд иншооти низомии Эрон оғоз шуд.

Ба зудӣ маълум шуд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Исроил тааллуқ доранд; шабакаи хабарии Al Arabiya и ВВС дар ин робита гузориш додаанд, ки Исроил барои тахриби саноати низомии Эрон амалиёти вижаи низомӣ оғоз кардааст.

Тибқи маълумоти хабаргузории итолиёии Nova News, дар шаҳри Исфаҳон, ки яке аз корхонаҳои тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини Shahed-136 (Шаҳид-136) воқеъ асту ба Русия низ интиқол ёфта буд, таркишҳо рух додааст. Ҳамчунин дар шаҳрҳои Ҳамадонӣ, Азар Саҳр, Кароҷ ваТеҳрон низ  таркишҳо рух додаанд.

Исроил дар ин бора ҳанӯз изҳороти расмӣ надода, хабаргузории эронии IRNA худи далели таркишҳоро таъйид кард, аммо хисороташро ночизро эълом кард.

Ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Эрон шояд оғози як ташдиди нав дар минтақа бошад, ки эҳтимолан ба субот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ таъсир мерасонад.

Оташзании Қуръон дар Шветсия ва посухи Туркия

«Новая газета Европа» менависад, ки 23 январ ҳукумати Туркия аз нияти худ барои монеъ шудан ба дархости Шветсия барои пайвастан ба НАТО эълон кард. Раҳбарияти Туркия пас аз он сари ин тасмим омадааст, ки як гурӯҳи тундгароёни ростгаро дар назди сафорати Туркия дар Стокголм Қуръонро сӯзонданд.

Пас аз ҳамлаи нерӯҳои Русия ба Украина, Шветсия ва Финландия, ки маъмулан сиёсати бетарафиро риоя мекарданд, барои пайвастан ба НАТО муроҷиат карданд.

Ҳама давлатҳои НАТО ба ворид шудани аъзои нав ба ин паймон ризоият доданд, ба истиснои Туркия, ки як қатор шартҳо ба миён гузошт: аз ҷумла талаби истирдоди шуморе аз фаъолони мухолифи курд ва турк, ки дар Шветсия паноҳандагӣ гирифтаанд.

Моҳи июни соли гузашта бо Туркия тавофуқи пешакӣ ҳосил шуда буд, аммо ин ҳодисаи нав ҳалли ин масъаларо боз ба муддати номуайян ба таъхир гузошт.

Интихоботи президентӣ дар Чехия: пирӯзии неруҳои ғарбгаро

Ҳафтаи гузашта дар даври дуюми интихоботи президентии Чехия генерали мустаъфӣ Петр Павел пирӯз шуд, ки ҷонибдори таҳкими равобити Чехия бо НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо, инчунин ҳимояти фаъол аз Украина аст.

Петр Павел
АNADOLU AGENCY

Ба ӯ соҳибкор ва раҳбари ҳизби ANO (Амали шаҳрвандони норозӣ) Андрей Бабиш рақобат кард, ки сиёсатмадори ҷонибдори Русия маҳсуб меёбад.

Ба ин далел, ба навиштаи РБК, интихобот дар ин кишвари хурди аврупоӣ ҳам дар Иттиҳоди Аврупо ва ҳам дар Русия таваҷҷуҳи зиёдро ба худ ҷалб кард.

Ҳарчанд президент дар Чехия салоҳиятҳои маҳдуд дорад, аммо дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши муҳим мебозад. Тайи даҳ соли ахир курсии президентии ин кишварро ба истилоҳ мухолифони нарми Аврупо ишғол мекарданд, дар ҳоле ки мақоми нахуствазирӣ дар дасти намояндагони нерӯҳои ғарбгарои кишвар буд.

Моҳи сентябри соли 2022 дар Чехия эътирозҳои оммавии зиддиҳукуматӣ бо норозигӣ аз бӯҳрони энергетикӣ баргузор шуданд. Он замон бисёриҳо аз интиқоми эҳтимолии нирӯҳои тарафдори Русия дар Чехия ва дар бисёре аз кишварҳои ғарбӣ изҳори назар карданд.

Акнун пас аз интихоботи моҳи январ, рақобати маъмулии президенти “ҷонибдори Русия” ва ҳукумати “ҷонибдори Аврупо” ба поён расида, Чехия бешубҳа ба масири ғарбгароӣ пойбанд хоҳад монд.

Алифбои лотинӣ дар Қазоқистон

Рӯзи 27 январ Остона эълон кард, ки кишвар дар роҳи гузариши тӯлонӣ ва душвори забони қазоқӣ ба алифбои лотинӣ як қадами дигар гузоштааст. Бо супориши ҳукумати Қазоқистон ва президенти ин кишвар Пажӯҳишгоҳи забоншиносии ба номи Ахмет Бойтурсинов таҳқиқоти бунёдии илмиро ҷиҳати таҳияи варианти нави алифбои қазоқӣ анҷом дод.

Ба иттилои Информбюро, тасмими гузариши забони қазоқӣ ба алифбои лотиниро ҳанӯз соли 2006 Нурсултон Назарбоев, президенти нахустини Қазоқистон қабул карда буд. Соли 2017 ӯ дар ин бора фармонеро имзо карда, ба ҳукумат дастур дод, ки алифбои навро таҳия кунад.

Ҳукумати Қазоқистон қарор кард, ки гузариш ба алифбои нав аз соли 2023 то соли 2031 амалӣ шавад; вале дар ин муддат чанд варианти алифбои хатти лотинӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вале то ҳол ҳеҷ кадоме аз онҳо мувофиқ дониста нашуд.

Таҷрибаи Қазоқистон ва Ӯзбекистон (раванди гузаштан ба алифбои лотинӣ дар ин кишварҳо ҳанӯз соли 1993 оғоз шуда буд) барои дигар кишварҳои пасошӯравӣ, ки дар онҷо низ масъалаи ислоҳоти забони давлатӣ ва хатти расмӣ давра ба давра матраҳ мешавад, мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. Таҷрибаи Қазоқистон нишон медиҳад, ки гузариш ба хатти нав ва ислоҳоти забон як раванди ниҳоят мураккабест, ки заҳмати чандинсола ва харҷи зиёди молиявиро тақозо мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.