Мавзӯи нави мо ба Интернет-бонкинг бахшида шудааст. Ҳаёти муосири инсонро бидуни воситаҳои алоқа тасаввур кардан ғайриимкон аст. Барои онҳое, ки маблағро қадр мекунанад ва ба таври дуруст ва самаранок онро истифода мебаранд, Интернет-бонкинг як воситаи дигари мусоид мебошад.
Имрӯзҳо мо хизматрасонии Интернет-бонкингро бештар истифода мебарем. Оё истифода бурдани он дар ҳақиқат бароҳат аст ё ин боз яз падидаи мӯд дар таъмини хизматрасониҳои бонкӣ мебошад? Биёед ин падидаро батафсил дида бароем. Интернет-бонкинг гуфта, технологияи хизматрасонии дурдасти бонкиро дар назар доранд,ки ба мизоҷони бонк дастрасӣ ба суратҳисобҳо ва амалиётҳоро дар вақти гуногун тариқи компютери ба шабакаи Интернет пайвастшуда имкон медиҳад.
Ба хизматрасонии Интернет-бонкинг инҳо дохиланд:
- пазорати ҳисоби худ, гирифтани изҳороти корт ва суратҳисобҳои бонкӣ;
- пардохт барои хизматрасонии коммуналӣ, телевизион, интернет ва алоқаи мобилӣ, пурра кардани ҳамёнҳои электронӣ;
- интиқоли маблағ аз як ҳисоб ба ҳисоби дигар дар дохили бонк;
- интиқоли маблағ аз як ҳисоб ба ҳисоби дигар дар бонкҳои дигар;
мубодилаи асъор;
- пардохти қарз, пурра кардани ҳисоби амонат, ҳисобҳои нақлиётӣ ва ғ.
- пайвасти SMS-огоҳнома, гузаронидани амалиётҳо дар Интернет ва дигарон.
Афзалиятҳои Интернет-банкинг:
- бароҳатӣ;
- амниятӣ;
- соддагӣ.
Имрӯз, хизматрасонии Интернет-бонкинг аксарияти бонкҳои кишвар мерасонад. Агар Шумо дар бонк суратҳисобдошта бошед ва хоҳед, ки аз хизматрасонии Интернет-бонкинг истифода баред, барои ин танҳо ба бонк муроҷиат карда, барои пайвастшавӣ ариза нависед. Баъдан ба Шумо логин ва пароле, ки танҳо ба Шумо маълум аст дода мешавад. Бо онҳо амалиётҳои лозимаро дастрас карда метавонед. Пайвастшавӣ ва истифодаи Интернет-бонкинг, одатан, ройгон аст!
Дар мақолаи навбатӣ мо дар бораи тадбирҳои бехатарии истифодаи Интернет-бонкинг сухан мегӯем.
Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.




Обу корези дастрас. Барои аксар он ҳоло орзуи зебое боқӣ мемонад
Тоҷикистон бо кадом кишварҳо реҷаи савдои озод дорад?
Сабти 239 нафақагири аз 100-сола боло. Дар Тоҷикистон чанд нафар нафақа мегиранд ва чанд пул?
Кӯдакон ва занони ҳомила дар зиндони занонаи Норак. Онҳо чӣ шароит доранд?
Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари БОСИ масъалаи лоиҳаи сохтмони “Роғун”-ро баррасӣ кардааст
Дафнпулӣ дар Тоҷикистон. Он чанд пул аст ва соли гузашта чӣ миқдор пардохт шудааст?
Тоҷикистон ба сафи кишварҳои иқтисодашон вобастаи воридот шомил шуд
Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026
Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста