Савумин ва охирин мунозираи интихоботии Ҳиллари Клинтон ва Доналд Трамп - ду номзади аслии интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико дар Лас-Вегас баргузор шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, охирин мунозираи интихоботии Ҳиллари Клинтон, номзади Ҳизби демократ ва Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико рӯзи 19 октябр дар ҳоле баргузор шуд, ки тибқи назарсанҷиҳо, хонум Клинтон дар иёлатҳои калидии Амрико бар рақибаш пешсаф аст.

Расонаҳои Амрико мегӯяд, ки дар пайи интишори навори ҷанҷолии изҳороти Доналд Трамп дар бораи занон ва ҳамчунин иддаои шуморе аз занон дар бораи озори ҷинсӣ аз сӯи номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ҷойгоҳи оқои Трамп, садама дидааст. Аммо Доналд Трамп ин иддаоҳоро рад мекунад ва мегӯяд, ки қурбонии бузургтарин тахриби сиёсӣ ва ҳадафи иқдомоти "созмонёфта"-и пешгирӣ аз пирӯзии ӯ дар ин интихобот аст.

Ин дар ҳолест, ки Ҳилларӣ Клинтон низ натавонистааст, ки нигарониҳо дар мавриди фаъолияташ дар даврони вазорати умури хориҷии Амрико дар солҳои 2009-2013, ба вижа масъалаи истифода аз емейл ва сервери шахсиро бартараф кунад. Мунозираи ин ду номзади аслӣ барои мақоми раёсати ҷумҳури Амрикоро миллионҳо нафар дар он кишвар ба таври мустақим тамошо карданд.

Трамп дар бораи қабули натиҷаи интихобот посухи рушан надод

Доналд Трамп дар посух ба пурсиши гардонандаи мунозира дар робита ба ин, ки натиҷаи интихоботи президентиро хоҳад пазируфт, гуфт, ки "дар он вақт дар мавридаш назар хоҳад дод". Гузоришгарони расонаҳое чун CNN мегӯянд, аз ин, ки пеш аз интихобот Доналд Трамп нагуфтааст натиҷаи интихоботро хоҳад пазируфт, лаҳни суханрониаш тавре аст, ки нишон медиҳад, вай натиҷаи интихоботро дар сурате, ки ба нафъаш набошад, нахоҳад пазируфт.

Трамп: "Пирӯзи воқеии ҷанги Ҳалаб Эрон аст"

Муҷрии ин мунозира дар хусуси вазъияти шаҳри Ҳалаб пурсид ва дар мавриди иҷрои минтақаи парвози мамнӯъ суол кард. Ҳилларӣ Клинтон дар посух гуфт, ки ҷорӣ кардани минтақаи парвози мамнӯъ метавонад дар Сурия ҷони бисёреро наҷот диҳад, "аммо қабл аз он мо ниёзманди музокира ҳастем ва ба Русия нишон диҳем, ки дар дар ин масъала ҷиддӣ мебошем."

Аммо Доналд Трамп дар муқобил гуфт, ки "ҳеҷ вақт кишвари мо ин қадар тавассути Путин ба бозӣ гирифта нашуда буд." Доналд Трамп гуфт, ки пирӯзи воқеии амалиёти Ҳалаб, ин Эрон аст.

Трамп: "Ҷанги Мавсил барои пирӯзии Клинтон роҳандозӣ шуд"

Ҳиллари Клинтон дар посух ба пурсише дар мавриди амалиёти Мавсил ва ҳузури нерӯҳои Амрико гуфт, ки нерӯҳои амрикоиро ба минтақаҳои ҷангии Сурия ва Ироқ намефиристад, аммо аз талошҳои ҳукумати Ироқ ва пешмаргаҳои курд ҳимоят мекунад. Дар муқобил Доналд Трамп гуфт, ки чаро аз фурсат истифода нашуд: "Мо чанд моҳ аст, ки эълом мекунем, ки ҳамла менамоем."

Доналд Трамп афзуд, ки ин амалиёт барои кӯмак барои пирӯзии Ҳиллари Клинтон оғоз шудааст, то нишон диҳад, ки одами устуворе аст. Эрон ҳоло дар ҳоли тасарруфи Ироқ аст ва Эрон бояд барои мо ташаккурнома бифиристад.

Клинтон: "Кӯмакҳоро ба ниёзмандон медиҳем"

Ҳиллари Клтинон дар посух ба пурсиш дар хусуси Бунёди Клинтон гуфт, бисёри хушҳол мешаванд, ки хусуси фаъолияти ин бунёд сӯҳбат кунанд. Доналд Трамп дар вокуниш гуфт, "чаро Бунёди Клинтон аз кишварҳои арабӣ, монанди Арабистони Саудӣ 25 миллион доллар дарёфт кунад? Кишваре, ки бо занон рафтори бад мекунад. Оё ҳозир мешавад ин пулҳоро ба онҳо пас бидиҳад? Ҳиллари Клинтон дар посух гуфт, ки ин бунёди хайрия аст ва 90 дарсади кӯмакҳои онро ба ниёзмандон медиҳад ва монанди Бунёди Трамп нест, ки аз мардум пул бигирад ва аксҳои Трамро реклама кунад.

Баҳси барномаи иқтисодии ду номзад

Гардонанда дар бахши дигари ин мунозира, аз ду номзад хост, ки барномаҳои иқтисодии худро баён кунанд. Ҳилларӣ Клинтон дар мавриди барномаҳояш гуфт, ки ин барнома барои беҳбуди зиндагии табақаи миёнаҳол равона хоҳад шуд ва талош хоҳад кард, ки ҷойҳои кории бештар ба вуҷуд биёрад. Доналд Трамп аз ин барномаи Ҳиллари Клинтон интиқод кард ва гуфт, ки "барномаҳои иқтисодии Ҳиллари Клинтон ба фирори сармоя ва коҳиши ҷойҳои корӣ дар Амрико сабаб хоҳад шуд."