Имрӯз аз замони таъсиси Парчами давлатии Тоҷикистон 24 сол пур мешавад. Тӯли асрҳои зиёд рамзи асосии давлатҳое, ки дар қаламрави ҳозираи Тоҷикистон ҷойгир буданд, чандин маротиба тағйир ёфтааст. Чанде аз намунаҳои онҳо дар бойгониҳо боқӣ монда, баъзе дигар машҳури ривояту афсонаҳоянд.