Душанбе. 23-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» -   Дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Рӯзи забон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар шароити кунунӣ, вақте ки соҳаи маориф ва ҷараёни таълиму тадрис бе ин ҳам проблемаҳои зиёд дорад, боз як бори дигар табдил додани алифбо шитобкорӣ хоҳад буд ва ба ин кор ҳоло ягон зарурати объективӣ ҳам нест.

Ҳамчунин дар суханронии ӯ гуфта мешавад:

- Ба ҳамагон маълум аст, ки хати арабиасоси мо таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Бе донистани таърих ва хазинаи бузурги фарҳангии мардуми форсизабон, ки бо алифбои ниёгон навишта шудааст, фарҳангу тамаддуни гузаштаи хешро азхуд кардан мушкил аст.

Донистани ин хат барои шарқшиносон, адабиётшиносон, таърихшиносон, файласуфон ва мутахассисони дигар илмҳои иҷтимоӣ бисёр муҳим мебошад.

Имрӯз дар кишвари мо барои омӯхтани хати ниёгон ягон мамониат вуҷуд надорад. Дар айни замон бояд гуфт, ки ба назари мо онҳое, ки ҷонибдори якбора ба хати арабӣ бадал сохтани хати кириллӣ ҳастанд, мушкилоти воқеӣ ва марҳалаи таърихиро ба инобат намегиранд.

Гузашта аз ин, ба назар чунин мерасад, ки ин баҳс аз ҷониби баъзе доираҳои ҳавасманди хориҷӣ ва дохилӣ бе ягон зарурат ба таври сунъӣ дар ҷомеаи мо барангехта мешавад.

Бидуни шак, ин боз як кӯшиши тафриқаандозӣ дар байни зиёиёни мо мебошад. Мо, ки аллакай як маротиба оқибати ногувори чунин баҳсҳои бебунёди зиёновар ва тафриқаандозиро аз сар гузаронида будем, бояд сари ин масъала ҷиддӣ андеша намоем ва фирефтаи дасисабозиҳои нав нагардем.

Аз таърих маълум аст, ки ниёгони мо дар тӯли се-сеюним ҳазор соли гузаштаи фарҳангии худ чанд маротиба табдили хату алифбо кардаанд. Аз ҷумла, ёдгориҳои давраи Ҳахоманишӣ дар хати ба ном «мехӣ» сабт шудаанд.

Матнҳои «Авасто», навиштаҳои аҳди Сосониёну Суғдиён бо намунаи хатҳои гуногун ба имзо расидаанд. Баъди истилои араб ва қабули дини ислом хати арабӣ пазируфта шуд, ки он зиёда аз ҳазор сол давом кард.

Дар замони шӯравӣ дар як муддати кӯтоҳ ду маротиба алифбои худро иваз намудем: дар охири солҳои бистум аввал ба алифбои лотиниасос ва пас аз даҳ сол ба алифбои кириллӣ гузаштем.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳар як тағйири алифбо сабабҳои сиёсӣ, таърихӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ дорад. Агар хатҳои мехӣ, паҳлавӣ ва суғдӣ аз рӯйи зарурати фарҳангӣ ҷорӣ шуда бошанд, арабӣ ва кириллӣ ҷанбаи сиёсӣ доштанд.

Бо вуҷуди ин, хатҳои мазкур халқи моро бо фарҳангҳои гуногун рӯ ба рӯ карданд: агар яке олами Шарқро ба рӯйи фарзандони халқи тоҷик боз карда бошад, дигаре ҷаҳони Ғарбро кушод.

Фарҳанги мо аз ин ду сарчашма ғизо гирифта, намояндагони онро ҷаҳониён шинохтанд. Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Абурайҳони Берунӣ ва даҳҳо дигар нобиғаҳои олами илму адаби мо маҳз бо хати арабӣ ба хазинаи тамаддуни ҷаҳонӣ ворид шуда бошанд, аллома Бобоҷон Ғафуров бо алифбои кириллӣ тоҷиконро ба оламиён муаррифӣ намуд, асарҳои устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Лоиқ ва дигар ситораҳои тобони адабиёти муосири тоҷик аз ҳамин хат ба забонҳои дигари дунё тарҷума ва нашр шудаанд. Пас, ҳам ину ҳам он рисолати таърихии худро иҷро карданд.    

Метавон гуфт, ки маҳз хатти осонхони кириллӣ имкон дод, ки халқи мо дар муддати кӯтоҳтарин саросар саводнок гардад. Дар ин ҷо ҳамчунин хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки мероси бузурги   илмӣ, адабӣ ва фалсафии асрҳои гузаштаи мо асосан бо хатти кириллӣ интишор ёфта, дастраси доираи васеи хонандагон гардидаанд ва дар китобхонаҳои мамлакат маҳфузанд.

Дар шароити кунунӣ, вақте ки соҳаи маориф ва ҷараёни таълиму тадрис бе ин ҳам проблемаҳои зиёд дорад, боз як бори дигар табдил додани алифбо шитобкорӣ хоҳад буд. Ба ин кор ҳоло ягон зарурати объективӣ ҳам нест.

Ҳоло, ки мо дар вазъияти гузариш қарор дорем, набояд дар масъалаи рушди соҳаҳои гуногун аз кишварҳои дигар қафо монем. Баръакс, мо бояд бо дониш ва технологияҳои муосир мусаллаҳ гардем, дастовардҳои пешқадами илми ҷаҳониро дар мамлакат татбиқ намоем.   

Табдили бошитоби алифбо ва гузариш аз як хат ба хати дигар бидуни зарурати ҷиддӣ метавонад ба ин раванд халал ворид намояд ва мардумро ба озмоишҳои мушкил рӯбарӯ созад. Ҳамин тариқ, кишвари мо ба табдили хатти кириллӣ ба ягон хатти дигар ҳеҷ гуна ниёз надорад. Чунин аст мавқеи мо нисбат ба ин масъала.

Бовар дорам, ки аксари мутлақи мардум аз ин мавқеъ ҷонибдорӣ менамояд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.