Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Муҷассамаи асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ аз Маскав ба Душанбе оварда шуд.

Сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки барои дар сатҳи баланд в шоиста таҷлил намудани ҷашни 1150-умин солдгарди Абӯабдулло Рӯдакӣ мақомоти шаҳрдории пойтахт омода сохтани   муҷассамаро дар Русия фармоиш дод.

Муҷассама дар боғи Рӯдакӣ, ки айни замон дар он корҳои сохтмонӣ идома доранд, гузошта хоҳад шуд.

Муҷассамаро ҳайкалтароши Русия Александр Рукавишников омода сохтааст. Он биринҷӣ буда, баландиаш 7 метр аст.

«Зимни овардани муҷассама аз шаҳри Маскав намояндаи ҳукумати шаҳр, сардори раёсати сохтмони асосӣ Ҳокимҷон Шарипов иштирок дошт», - афзуд манбаъ.