Хуҷанд. 4-уми август ОИ «Азия-Плюс» - Дар назди Марккази ҷавонони шаҳри Хуҷанд рӯзи щанбеи ҳафтаи гузшта намоишгоҳи маҳсулоти ҷавонони ноҳияи Конибодом баргузор шуд. Мудири шӯъбаи ташкилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом Хуршед Холматов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба Хуҷанд намояндагони ҷавонони шаш ҷамоатҳои ноҳияи Конибодом омаданд.

«Дар намоишгоҳ маҳсулоти чеварон ва ҳунармандони халқӣ намоиш дода шуд, - гуфт ӯ. - Ҳамчунин ба аҳолии шаҳри Хуҷанд бо нархҳои нисбатан арзон маҳсулоти кишоварзӣ пешкаш гардида, мусобиқоти варзишӣ ва консерт низ доир шуд».

Қобили зикр аст, ки дар чаҳорчӯбаи Рӯзҳои ҷавонон чунин намоишгоҳҳо ҳар ҳафта дар Хуҷанд баргузор мешаванд. Пеш аз конибодомиҳо намояндагони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов низ дар маркази вилоят ба ҳамин монанд намоишгоҳ барпо карда буданд.