Душанбе. 28-уми майм- Дар Ҷ умҳурии Қазоқистон семинари 5 рўзаи минтақавии ЮНЕСКО дар мавзўи «Пешниҳод гардидани ёдгориҳои таърихии Роҳи абрешим ба р ӯ йхати мероси фарҳангии ҷ аҳон ӣ » баргузор гардид.

              Дар он намояндагони 9 давлати Осиёи марказ ӣ ва Шарқи Наздик иштирок доштанд. Аз ҷ умла То ҷ икистонро кормандони Вазорати фарҳанг ва Академияи илмҳо намояндаг ӣ карданд.

               Онҳо пешниҳод карданд, ки 8 ёдгории таърихии То ҷ икистон ба р ӯ йхати ЮНЕСКО дохил карда карда шаванд. Ин пешниҳод аз ҷ ониби иштирокчиён дастгир ӣ ёфт.

               Дар ин рўйхат ёдгориҳои таърихии Саразм, Бун ҷ икат, Қалъаи Ҳисор, шаҳраки Ҳулбук, Тахти сангин, Маъбади Буддо ӣ дар А ҷ инатеппа, Қалъаи Ямгун ҷ ой гирифтанд.

            Дар семинар асосан ба Қалъаи Ҳулбук тава ҷҷ ўҳ зоҳир карда шуд. Зеро он таърихи оламшумул дошта, чандин маротиба намояндагони созмони ЮНЕСКО низ аз ин мавзеи таърих ӣ дидан кардаанд. Дар семинар барои иштирокчиён сабтҳои видео ӣ дар бораи кашфиётҳо дар ин мавзеи таърих ӣ пешкаш гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ медиҳад.