Душанбе. 11-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар пешорӯи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай имрӯз дар шаҳри Екатеринбург намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумии кишварҳои узви иттиҳод ба кор шурӯъ кард.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги ҶТ иттилоъ доданд, ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳ маҷмӯи сарулибоси миллӣ, қолин ва китобҳоро пешкаш месозад. «Ҳамчунин гурӯҳи калони ҳунарпешагони Тоҷикистон пагоҳ барои иштирок дар ҷашнвораи ҳунарии мамлакатҳои аъзои СҲШ ба шаҳри Екатеринбург меравад», - гуфтанд дар вазорати фарҳанг.
Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 15-16-уми июн дар шаҳри Екатеринбург нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай доир мегардад. Кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомили СҲШ мебошанд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста