Душанбе. 17-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Бо ташаббуси созмони ғайритиҷоратии CARITAS (Швейтсария) рӯзи 19-уми июн дар маркази тиҷоратии « Vefa » таҳти унвони «Ба хотири хайр» Шоми ҳунари хайрия доир мегардад.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз созмони мазкур иттилоъ доданд, ҷиҳати ширкат дар шоми ҳунар зиёда аз 200 нафар    намояндагони ҳукумат, сохторҳои тиҷоратӣ, намояндагҳои дипломатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва шарикони созмон даъват шудаанд.

Ба иттилои срчашма, барномаи чорабинӣ баргузории консерт, намоишгоҳ ва фурӯши 69 асари 23 рассоми тоҷик, музояда ва бозии лотереяро дарбар гирифта, маблағи аз он бадастомада ба хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати пардохти маблағи осори хаттии нодири харидашудаи асрҳои XVI - XVIII аз шахсони ҷудогона ирсол мегардад.