Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Душанбе мушкилоти драматургияи муосири тоҷик дар давраи бӯҳрони молӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ Анвар Юсуфов иттилоъ дод, ба ин муносибат аз ҷониби муассисаи давлатии «Баҳори аҷам»-и тобеъи вазорат таҳти унвони «Драматургияи муосири тоҷик – назарҳо ва пешиҳодҳо» мизи мудаввар созмон дода шуда, дар он драматургони шинохтаи тоҷик Нур Табаров, Низом Нурҷонов, Давлат Убайдуллоев ва Мирзоватан Миров бобати беҳбуди сифати намоишҳои театрӣ, басаҳнагузории асарҳои нав ва ғайра пешниҳодоти мушаххас кардаанд.

«Аз ҷумла, онҳо пешниҳод карданд, ки барои драматургони ҷавон курсҳои махсуси омӯзишӣ ва барои муаллифони ҷавон озмунҳо ташкил карда шаванд», - гуфтанд дар вазорати фарҳанг.

Қобили зикр аст, ки дар кори мизи мудаввар муаллифони намоишҳо, таҳлилгарон, мунаққидон, сарварони театрҳо, аз ҷумла, театрҳои ноҳияи Данғара, шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва Душанбе, коршиносон ва аъзои Шӯрои бадеии Вазоарти фарҳанги ҶТ ширкат варзиданд.