Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ноҳияи Варзоб бо дастгирии Маркази Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе Мактаби тобистонаи оммавии омӯзиши ҳуқуқи инсони Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Корманди масъули шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Маркази (САҲА) Фирӯза Ғуломасейнова ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар мактаб бо 20 нафар донишҷӯёни бахшҳои иқтисоди макотиби олии шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб ва Хуҷанд дар мавзӯи асосҳои назариявӣ ва амалии ҳуқуқи инсон ва механизмҳои дифоъ аз он машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

«Дафъаи ҳаштум аст, ки бо дастгирии Маркази САҲА дар Душанбе чунин мактабҳо ташкил карда мешаванд, - идома дод ӯ. - Соли равон ҷиҳати баргузории мактаб ҳамчунин бо созмонҳои дигари байнулмилалӣ, аз қабили Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили гурезагон ва Агентии рушди Швейтсария муносибатҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд».