Душанбе. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз баъди вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Олии САҲА оид ба умури аққалиятҳои миллӣ Кнут Воллебек изҳор дошт, ки ояндаи наздик Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои намояндагони аққалиятҳои миллии муқими Тоҷикистон оид ба омӯзиши забони тоҷикӣ тренингҳо барпо месозад. «Эмомалӣ Раҳмон ба ман дар бораи аққалиятҳои миллии муқими Тоҷикистон, урфу одат ва анъанаҳои фарҳангии онҳо маълумоти муфассал дод», - гуфт ӯ.
К.Воллебек гуфт, САҲА аз ҳуқуқи тоҷикони хориҷи кишвар баҳри гирифтани маълумот бо забони модарӣ, рушди фарҳанг ва нашри китобу дигар адабиёт дифоъ хоҳад кард.
Номбурда ба намояндагони ВАО хабар дод, ки имрӯз бо вазири умури хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ дидору гуфтушунид карда, пагоҳ бо вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ва намояндагони аққалиятҳои миллӣ мулоқот хоҳад орост.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста