Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар гузориши таҳқиқотии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи муҳити зист гуфта мешавад, як омили муҳими даст ёфтан ба субот ва таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ роҳандозии ҳамкории пурсамар дар истифодаи захираҳои обии рӯдхонаи Амударё шуда метавонад.

Дар гузориш зикр мегардад, ки лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои пуриқтидори барқӣ дар кишварҳои болооб, норасоии об барои обёрии заминҳои кишварҳои поёноб, ивазшавии обуҳаво бинобар тағйирёбии иқлим ва ба ин монанд мушкилотро мебояд чаҳор кишвари «соҳиб»-и Амударё – Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳал намоянд. «Намунаи фоҷеабори он – хушкшавии баҳри Арал аст, ки бо сабаби истифодаи оби Амударё барои обёрӣ ба вуҷуд омад», - гуфта мешавад дар гузориш.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, зимни пешниҳоди гузориш дар шаҳри Женева намояндаи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи муҳити зист Кристоф Буве гуфтааст, ғайр аз ин, сифати оби рӯдхона низ бад шудааст, ки ба солимии мардум таъсир мерасонад. «Мушкилоти бузург оқибатҳои фаъолияти саноати истихроҷӣ – бензину химикатҳои корхонаҳои воқеъ дар соҳили рӯдхона ва ифлосшавии обуҳаво аз чангу намак аст», - изҳор кардааст ӯ.

Кристоф Бувйе корхонаи алюминии Тоҷикистонро ба гунаи мисол оварда, гуфтааст, он ба шуғли аҳолӣ ва рушди иқтисодии яке аз қашшоқтарин кишварҳои минтақа мусоидат менамояд, вале барои қаламрави поёноб, бахусус Ӯзбекистон мушкилоти ҷиддӣ эҷод месозад.

Муаллифони таҳқиқот аз кишварҳо даъват ба амал овардаанд, ки дар кори истифодаи захираҳои обии рӯдхонаи Амударё ҳамкории густарда ба роҳ монанд. Табодули маълумот роҷеъ ба лоиҳаҳои тарҳрезимешуда қадами муҳим дар эътимоднокии мутақобила ва як навъи ҳамкориҳои пурсамар шуда метавонад.