Шаҳрвандони Қирғизистон аз ин ба баъд танҳо 30 рӯзи бидуни қайд дар қаламрави Русия ҳузур дошта метавонанд. Ин муҳлат қаблан 90 рӯз муқаррар шуда буд. Дар ин бора АКИpress бо истинод ба дафтари матбуоти Хадамоти давлатии бақайдгирии Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, мутобиқи созишномаи миёни Қирғизистон ва Русия дар бораи тартиби ҳузури шаҳрвандони ҳарду кишварҳо дар қаламрави ҳамдигар, ки 19 июни соли 2015 ба имзо расида буд, муҳлати будубоши шаҳрвандони бидуни қайд аз 90 то 30 рӯз кам карда мешавад.

Ҳамин тариқ, акнун шаҳрвандони Русия низ дар қаламрави Қирғизистон метавонанд то 30 рӯз бидуни қайд ҳузур дошта бошанд.

Ёдрас мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия 15 рӯз бидуни қайд метавонанд ҳузур дошта бошанд.