Аз рӯзи 28 феврал қарори Бонки миллии Қирғизистон дар бораи манъи пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ ва истеъмолӣ бо доллари ИМА мавриди амал қарор гирифт.

Ин қарор аввали моҳи феврал қабул шуда, ба ҳамаи бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд дахл дорад. Тибқи ин қарор, онҳо ба додани қарзҳои ипотека ва истеъмолӣ бо доллари ИМА дигар ҳуқуқ надоранд.

Қаблан президент Алмазбек Атамбоев ба Бонки миллӣ ва ҳукумати кишвараш дастур дода буд, ки ҷиҳати ҳимояи аҳолӣ аз босуръат ва тез-тез тағйирёбии қурби асъори миллӣ тадбирҳо андешанд. Вобаста ба ин дастур Бонки миллӣ ва ҳукумат ба гузаронидани қисмате аз қарзҳои ипотекӣ бо доллар ба сом тибқи қурби пешина шурӯъ карданд.

Зикр гардида буд, ки аз ин барномаи ҳукумат 2,8 ҳазор қарзгирифтагон, ки дар робита ба поинравии қурби асъори миллӣ ба мушкилот дучор шуданд, истифода карда метавонанд.