Палатаи болоӣ ё худ Сенати порлумони Қазоқистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунеро қабул кард, ки ба президент Нурсултон Назарбоев ҳақ медиҳад, як умр Шӯрои амнияти миллии ин кишварро раҳбарӣ кунад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бар пояи ин тағйиру иловаҳо, мақоми Шӯрои амнияти миллии Қазоқистон аз як ниҳоди машваратӣ ба конститутсионӣ тағйир хоҳад ёфт.

Ин лоиҳаи қонунро як ҳафта пеш палатаи поёнии порлумони Қазоқистон ба тасвиб расонд. Он ба Назарбоев ҳамчун президенти нахустин ва соҳиби унвони “Пешвои миллат” иҷозат медиҳад, ки раиси якумрии Шӯрои амнияти миллии Қазоқистон бошад ва ҳамчунин бар пояи он, президенти нави ин кишвар дар назди раиси шӯро ҳисоботдиҳанда хоҳад буд.

Гуфта мешавад, аъзои Шӯрои амниятро президенти Қазоқистон дар мувофиқа бо раиси шӯро интихоб мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки ниҳоди нави конститутсионии Қазоқистон бо мақсади ҳифзи суботи сиёсии дохилӣ, сохти конститутсионӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва манфиатҳои миллии Қазоқистон дар арсаи ҷаҳонӣ роҳандозии сиёсати ягонаи давлатиро дар бахши амнияти миллӣ ва тавонмандии дифоӣ ҳамоҳанг хоҳад кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.