Бо фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёв ширкатҳои фароҳамкунандаи интернетии ин кишвар то 1 январи соли 2020 ба шабакаҳои байналмилалии мухобиротӣ дастрасии бевосита ва озод пайдо хоҳанд кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин фармони Мирзиёев санаи 22 сентябр нашр шуда, яке аз бандҳои "Харитаи роҳ"-и иҷрои Стратегияи рушди инноватсионии Ӯзбекистон барои солҳои 2019-2021" мебошад.

Гуфта мешавад, ширкатҳои интернетрасони Ӯзбекистон дар ҳоли ҳозир, интернетро аз "Ӯзбектелеком" мегиранд, ки дастрасӣ ба баъзе аз сомонаҳоро маҳдуд ва як қатор сензураҳо ҷорӣ мекунад.

Ҳамчунин дар пайи иҷрои фармони мазкур коҳиши арзиши интернет низ барои истифодабарандагон дар назар аст.

Дар санад зикр шудааст, ки Ӯзбекистон тасмим дорад, то соли 2021 ҳаҷми хидматрасонии содиротии худро дар бахши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ то ба 4%-и ҳаҷми умумӣ бирасонад".

Ӯзбекистон ба тарҳи Digital CASA, ки аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мешавад, шарик шуданист. Дар чаҳорчуби он Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Афғонистон мехоҳанд, зербинои минтақаии доррои нахи оптикӣ бунёд намоянд.

Инҳисори ошкоро ё ниҳон ба бозори хадамоти мухобиротӣ, назорат ва сонсури интернетро СММ яке аз монеаҳои рушди телекоммуникатсия дар ин кишварҳо унвон кардааст.