Зимни вохӯрии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ, ки ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои ИДМ ба Тошканд омаданд, сарвари ин давлат изҳор намуд, ки бори нахуст баргузор шудани ин ҷаласа дар Тошканд гувоҳи давраи нави иштироки Ӯзбекистон дар фаъолияти Иттиҳод аст.

Бино ба маълумоти хабаргузории Podrobno.uz, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникӣ дар чаҳорчӯби ИДМ, аз ҷумла шарикии байниидоравӣ, баргузории чорабиниҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, омодагии касбии кадрҳо баррасӣ шуданд.

Вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ ба ислоҳоти мавриди амал қарордошта дар Ӯзбекистон оид ба таҷдиди Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, ҳамчунин ташаббусҳои ҷумҳурӣ оид ба таъмини амнияту субот ва рушди устувор дар минтақа баҳои баланд доданд.

Давоми соли сипаришуда Ӯзбекистон ба беш аз 10 мақомоти ҳамкории соҳавӣ дар бахшҳое чун иқтисоду энергетика, илму инноватсия, мубориза бо ҷинояткорӣ ва дар дигар самтҳо ҳамроҳ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.