Набераи президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримови 25-сола дар Instagram навиштааст, ки модараш - Гулнора Каримова мехоҳад, дубора дар ҳаёти иҷтимоии кишвар иштирок кунад.

"Бо ташаббуси раҳбарияти нави Ӯзбекистон дар кишвар лоиҳаҳои наве иҷро мешаванд, ки барои ояндаи нек пойгоҳи устувореро эҷод хоҳанд кард. Бинобар ин, модарам тасмим гирифт, дигаргуниҳои ахирро дар кишвар, ҳам аз нигоҳи ҷисмонӣ ва ҳам аз нигоҳи молӣ дастгирӣ кунад", - гуфт Ислом Каримови хурдӣ, хабар медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ.

Гуфта мешавад, Идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ва коррупсияи Додситонии кулли Ӯзбекистон 28 июли соли 2017 дар сомонаи расмии худ хабар дод, ки "зидди духтари президенти пешини ин кишвар Гулнора Каримова парвандаи ҷиноӣ боз шудааст".

Дар иттилоияи додситонӣ омада буд, ки Каримова 21 августи соли 2015 бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Додситонӣ 3 октябри соли равон ҳамчунин хабар дод, ки Каримова дар яке аз зиндонҳои Ӯзбекистон муҳлати ҷазои худро адо мекунад.

Додситони Шведсия Гуннар Стетлер 4 сентябри имсол дар додгоҳи Стокҳолм далелҳоеро пешниҳод кард, ки нишон медиҳанд, молики асосии ширкатҳои офшории ба номи атрофиёни наздики духтари президенти пешини Ӯзбекистон -- Гаянэ Авакян ва Рустам Мадумаров бозшуда ва саҳмияҳои иншоотҳои дигар худи Гулнора Каримова аст.