Ӯзбекистон қоидаҳои ҳамлу нақли боркаширо тарқи қаламраваш сабуктар кард: ба ивази се рӯзи пешина муҳлати гузаштан ё транзити мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз қаламрави ин кишвар то 5 рӯз дароз шуд.

Барои таъхири муҳлат дар қаламрави Ӯзбекистон бо сабабҳои гуногун, ронандагон мебоист дар ҳаҷми 70 доллар барои ҳар як рӯзи “барзиёдатӣ” ҷарима месупориданд, хабар медиҳад CA-NEWS (UZ).

Ғайр аз ин, 47 хатсайри нав барои ҳаракати транзитӣ таъиншуда барои мошинҳои боркаши хориҷӣ дар қаламрави Ӯзбекистон боз шудааст. Аксари онҳо дар ҳудудҳои ворид шудан аз сарҳади Тоҷикистон (18 хатсайр) ва Туркманистон (12 хатсайр) дастрас мебошанд.

Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Мурод Ҳасанов, ронандаи автомашинаи боркаш (фура), ки аз Тоҷикистон  тариқи қаламрави Ӯзбекистон ба шаҳри Барнаули Русия мева мекашонид, изҳор доштааст, ки чанд сол пеш бинобар сабаби вайрон шудани автомашина, қариб муддати як ҳафта дар Ӯзбекистон монда, дар сарҳади Қазоқистон марзбонони ӯзбек ӯро наздик ба маблағи 300 доллар ҷарима бастаанд.

Қобили зикр аст, ки моҳи августи соли 2017 Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 40% тахфифро барои транзити борҳо бо роҳи оҳан тариқи каламраваш пешниҳод намуд. Ширкати “Ӯзбекистон темир йӯллари” пас аз пайгирии ҳаҷми ҳамлу нақл тариқи роҳи оҳан, тасмим гирифт, ки барои ҳамтоёни тоҷики худ тарифҳоро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.