Дар маркази шаҳри Тошканди Ӯзбекистон дар таҳхонаи яке аз манзилҳо ганҷинаи қадимие пайдо шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, арзиши ин ганҷина бештар аз 1 миллион доллар арзёбӣ мешавад.

"Бино соли 1870 сохта шудааст. Зери таҳхонаҳои бинои мазкур як иморати дигар мавҷуд будааст. Роҳи вурудӣ ба иморат маҳкам шуда, 80 сол касе аз он огоҳӣ надошт", - овардааст хабаргузорӣ навиштаҳои расонаҳои Ӯзбекистонро.

Гуфта мешавад, миёни бозёфтҳо тангаву тило, расмҳои қадимӣ ва зеваролот мавҷуд аст. Миёни онҳо ҷиҳоз ва ашёи гаронбаҳои марбут ба дарбори Русияи подшоҳӣ низ ҳаст. Ин ашё ибтидои асри 20 ба Тошканд оварда шудаанд.

1/21

Зимнан зикр мегардад, ки миёни бозёфтҳо ҳамчунин чанд китоби дастнавис ҳам мавҷуд аст, ки ба олимони садаи 12-14 тааллуқ доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.