Дар шаҳри Сарани вилояти Қарағандаи Қазоқистон бузургтарин нерӯгоҳи барқи офтобӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ - ТОО "SES Saran” бо иқтидори 100 мегаватт ба кор шурӯъ намуд.

Бино ба иттилои zakon.kz, дар майдони 164 гектар 307 ҳазор панелҳои волтаӣ гузошта шудаанд, ки энергияи офтобро ба барқ табдил медиҳанд.

Гуфта мешавад, акнун дар Қазоқистон ду нерӯгоҳи бузурги барқи офтобӣ дар минтақа – Бурмин ва Саран амал мекунанд. Дар нерӯгоҳи барқи офтобӣ аз технологияҳои пешрафта, панелҳои хуб истифода шуда, тамоми ҷараёни кор ба таври автоматӣ сурат мегирад.

Панелҳои нерӯгоҳи Саран аз насли охири батареяҳои офтобӣ буда, дар онҳо барф ҷамъ шудаву боқӣ намемонад. Борон ба замин шуста шуда, ба ин васила аз онҳо ба панелҳо ҳеҷ зиёне намерасад. Ҳатто дар обуҳавои абрноку тира ҳам ин панелҳо ба истеҳсоли наздики 10-15 мегаватт нерӯи барқ қодиранд.

Лоиҳа аз ҷониби гурӯҳи байнулмилалии сармоягузорӣ аз Олмону Чехия ва Словакия мавриди амалишавӣ қарор дошта, арзиши умумии сармоягузориҳои хусусӣ 137 млн. долларро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.