Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Муҳаммадбобур Юсупов ба дарёфти хазина аз бинои кӯҳна воқеъ дар маркази шаҳри Тошканд дастёб шуд, менависад УзА.

Муҳамммадбобур Юсупов - ҷустори мустақил, корманди илмӣ тули 3 сол дар ҷустуҷӯи ин хазина будааст.

Гуфта мешавад, хазина аз як қатор бозёфтҳои нодир иборат аст, ки аҳамияти таърихию фарҳангӣ доранд. Миёни онҳо асарҳои бо забони қадимаи туркӣ, олмонӣ, арабӣ, фаронсавӣ, лотинӣ ва англисӣ эҷодшуда, инчунин ҳуҷҷатҳои таърихӣ, харитаҳо, дастхатҳои динӣ , иконаҳо, қисмате аз заррабин, 71 тангаи тилло, нуқра ва биринҷӣ ҷой доранд.

Бино ба маълумоти хабаргузории агентии “УзА”, гурӯҳе аз сокинони таҳҷоӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз дарёфти ин ганҷ хабар ёфтаанд, ба Муҳаммадаброр фоидаи калони молӣ ва имконияти бехатар аз гумрук гузаронидани бозёфтҳоро бо ваъдаи фароҳам овардани таҳсил дар хориҷа, додани шаҳрвандӣ ва ҳамин тариқ зиндагии хуррамона пешниҳод намудаанд.

Аз ҷумла, барои китоби аз тиллои холис муқовашуда хориҷиён ба Муҳаммадаброр $600 ҳазор доллар пешниҳод намудаанд. Аммо Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон ин амалро пешгирӣ намуда, дар натиҷа Юсупов бозёфтҳои аҳамияти таърихидоштаро ба Осорхонаи Давлатии таърихи Ӯзбекистон супурдааст. Маросими супоридани хазина ҳамчунин дар ҳамбастагӣ бо Хадамоти амнияти миллӣ ташкил карда шудааст.

Дар назар аст, ки ин бозёфтҳои нодир дар сафи нигораҳои Осорхонаи давлатии таърихии Ӯзбекистон ҷой гирифта, дар шакли намоишгоҳи ҷудогона ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Мутахассисони ӯзбек айни замон оид ба муайян кардани арзиши таърихӣ ва моддии бозёфтҳо ташхис гузаронида истодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.