Президенти Русия Владимир Путин президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сомонаи kremlin.ru хабар медиҳад.
"Ягон чизи махфӣ нест. Шумо медонед, ки ман ҳамеша барои тамос бо ҳамтоёни кунунӣ ва пешинам омода ҳастам. Бале, дар ҳақиқат ман бо Отамбоев мулоқот кардам ва мо дар бораи вазъи минтақа ва Қирғизистон суҳбат доштем", - гуфтааст Путин ба рӯзноманигорон.
Президенти Русия ҳамчунин гуфтааст, ки мавқеи ӯ равшан аст ва онро ба Отамбоев ҳам баён кардааст. "Ба назари ман, Қирғизистон барои мо давлати наздик ва ҳампаймон аст. Он ҳадди ақал ду бор шоҳиди нооромиҳои дохилии сиёсии ҷиддӣ шудааст ва фикр мекунам, маҳз ба хотири манофеи мардуми қирғиз бояд ба ин иктифо кард. Кишвар ба суботи сиёсӣ ниёз дорад ва ҳамаи мардум бояд дар атрофи президенти кунунӣ ҷамъ шуда, ба ӯ дар рушди Қирғизистон мусоидат кунанд. Мо бо Қирғизистон нақшаҳои зиёди ҳамкорӣ дорем. Мо мехоҳем, бо ҳукумати кунунӣ ҳамаи нақшаҳоро иҷро кунем", - изҳор доштааст Путин.
Гуфта мешавад, як ҳайат бо раҳбарии Алмосбек Отамбоев 24 июл аз пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Канти Қирғизистон ба Москва парвоз кард. Мушовири Отамбоев Кундуз Ҷолдубоева дар "Фейсбук" навишт, ки президенти пешини Қирғизистон бо даъвати дсӯтонаш ба Русия рафт, вале нагуфт, ки "ҷониби даъваткунанда" кист, вале навишт, ки "дар Москва мулоқоти сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд".
"Отамбоевро дар сафараш ба Русия иҷрокунандаи вазифаҳои раиси Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Асел Кодуранова, муовинони раиси ҳизб Муродалӣ Мадеминов, Ирина Карамушкина ва Кундуз Жолдубоева, намояндаи расмии ҳизб дар Русия Темирлан Султонбеков ҳамроҳӣ мекунанд", - изҳор дошт вай.
Президенти кунунии Қирғизистон Сооронбек Ҷеенбеков 11 июли соли равон сафари кутоҳеро ба Русия анҷом дода буд.
Вазорати умури дохилии Қирғизистон се бор Отамбоевро ба бозпурсӣ даъват кард. Вале ӯ ҳозир нашуд. Вакили дифои Отамбоев гуфт, даъвати шахси зери ҳимояаш ба бозпурсӣ ғайриқонунӣ аст, чун ӯ ҳанӯз ҳам аз унвони президенти пешин ва дахлнопазирӣ бархурдор аст.
Порлумони Қирғизистон 27 июни соли равон Отамбоевро аз унвони президенти пешин маҳрум кард.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста