Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз, 1-уми ноябр дар шаҳри Тошканд сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон, зимни вохӯрӣ масоили рушди босуръати муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоядории нек баррасӣ шудааст, ки ба шарофати кӯшишҳои муштараки сарони ду кишвар ба сатҳи шарикии стратегӣ расидааст.
Ҳамчунин аҳаммияти татбиқи саривақтӣ ва пурраи созишномаҳои сатҳи баланд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок таъкид гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни минтақаҳои наздисарҳадӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст.

Ёдовар мешавем, ки сарвазири Тоҷикистон бо сафари дурӯзаи корӣ ба шаҳри Тошканд рафта, дар ҷаласаи роҳбарони ҳукуматҳои мамолики аъзои Созмони ҳамкории Шонҳой (СҲШ) иштирок дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Ҳукми танқиди раис” ё чаро “Одобнома” бояд риоя карда шавад?
Зоҳири Ағбар: Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба замон эҳтиёҷ дорад
Толибон мехоҳанд аз Русия 1 млн баррел нафт харанд
Сокинони шаҳр ва деҳа барои хӯрок чӣ қадар маблағ сарф мекунанд?
Медали нуқраи ҷудокори тоҷик Абӯбакр Шеров дар Қазоқистон
“Ориёнбонк” дар Тошканд намояндагӣ боз кард
Иштироки Азим Иброҳим дар конфронси вазирони кишварҳое, ки ба баҳр роҳи баромад надоранд
Чор медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ
Нур Табар, собиқ вазири фарҳанг вафот кард
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста