Имрӯз, 29-уми ноябр дар шаҳри Тошканд раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Дар ин вохӯрӣ нахустин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва раисҷумҳурони Қирғизистон – Сооронбой Жээнбеков, Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев ва Туркманистон – Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов низ ширкат варзиданд.

Зимнан аҳамияти Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро таъкид шуда, маҷмӯи васеи масоили мубрами ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла, дурнамои ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳои минтақа, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамгироӣ дар бахши илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ, инчунин масоили амнияти минтақавӣ баррасӣ гардид. 

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Ӯзбекистон барои пазироии самимӣ ва ташкили сатҳи баландӣ вохӯрӣ изҳори сипос кард.

“Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷонибдорӣ таҳким ва рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии байни давлатҳо мебошад”, - изҳор дошт ӯ.

Таъкид гардид, ки натиҷаи машварати созанда бори дигар мавқеъи наздики давлатҳоро оид ба таъмиқи ҳамгироии минтақавӣ ва беҳсозии вазъи зиндагии мардумони кишварҳо муайян мекунад.

1/9

Раисҷумҳури Тоҷикистон соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, бахшҳои гуногуни саноат, рушди инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои обии минтақаро аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағирёбии иқлим ва коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ ҷалб кард.

Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуданд.

Аз рӯйи натиҷаи Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ изҳороти муштарак қабул гардид.

Дар охири вохӯрӣ ҳамчунин раисӣ дар Хазинаи байнулмилалии наҷоти Арал бо таври гузариш ба муҳлати се сол, шурӯъ аз соли 2020 ба Тоҷикистон гузашт. Дар ин зимн сарони давлатҳо номзадии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, қарори Хазинаи байнулмилалии наҷоти Аралро ба имзо расониданд. Бо ин қарор Эмомалӣ Раҳмон раиси Хазинаи байнулмилалии наҷоти Арал интихоб шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.