Прокуратураи генералии Ӯзбекистон тафтиши парванда нисбат ба Гулнора Каримоваро ба итмом расонид.

“Прокуратураи генералӣ тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Гулнора Каримова ва дигар шахсонеро, ки дар ҳайати гурӯҳи ҷиноятпеша ба дуздии маблағҳои буҷет ва қонунӣ гардонидани даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада дар кишварҳои хориҷӣ даст задаанд, ба поён расонид”, - хабар додаанд ба Podrobno.uz аз Прокуратураи генералӣ.

Гуфта мешавад, айни замон парванда бо хулосаи айбнома ҷиҳати моҳиятан баррасӣ кардан ба суд фиристода шудааст.

Сухан дар бораи кадом парванда аст, маълумоти мушаххас надодаанд.

Моҳи декабри соли гузашта ба Гулнора Каримова айбномаи нав – ташкили гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки ба ғасби корхонаҳои саноатӣ машғул буд, пешниҳод шуд.

Ҳаҷми зарар аз амалҳои ғайриқонунии ӯ дар доираи парвандаи нав беш аз 165 млн. доллар ва 85 млрд. сӯм арзёбӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.