Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон мақомоти авиатсионӣ ва ширкатҳои Эрону Афғонистонро дар бораи қатъи муваққатии иртиботи ҳавоӣ аз 1-уми марти соли равон огоҳ кард. Дар ин бора CentralAsia хабар медиҳад.

Ин қарор бо мақсади пешгирии вуруд ва паҳншавии коронавируси COVID-19 дар қаламрави Ӯзбекистон қабул шудааст.

Гуфта мешавад, Ӯзбекистон кафолати барқарор кардани хатсайрҳои парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷиро баъди ба эътидол омадани вазъ тасдиқ кардааст.

Ба шаҳрвандони Ӯзбекистон тавсия дода шудааст, аз сафар ба Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо, ки дар онҳо паҳншавии коронавирус мушоҳида мешавад, то беҳбуди вазъ худдорӣ варзанд.

Қаблан дар бораи аз 1-уми март ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар иртиботи ҳавоӣ бо Кореяи Ҷанубӣ ва Италия хабар дода шуд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон иртиботи ҳавоиро бо Эрон аз 14-уми феврал қатъ кард. Бо Афғонистон, ки дар он ҷо ҳам коронавирус ба қайд гирифта шуд, алоқаи ҳавоӣ ҳоло қатъ нашудааст.

Харитаи иртиботи ҳавоии Тоҷикистонро бо кишварҳое таҳия кардем, ки ба он ҷойҳо парвоз мекунему дар онҳо ҳолатҳои сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.