Дар Қазоқистон 2 нафар гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Дар ин бора имрӯз, 13-уми март вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов зимни брифинг иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳолатҳои сироятёбӣ дар Алмаато тасдиқ шудааст: зану мард рӯзҳои 9 ва 12-уми март аз Олмон ба Қазоқистон баргаштаанд.
“Онҳо дар беморхонаи сироятии Алмаато бистарӣ шуда, худро хуб ҳис мекунанд. Ҳамаҷониба тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд”, - изҳор доштааст Биртанов.
Вазир қайд кардааст, ки дар ҳавопаймои аввал (9-уми март) 73 нафар мусофирон будаанд.
“Онҳо бемор набуда, муддати 14 рӯз ба карантин гирифта мешаванд. Ҳавопаймои дуюм шаб омад, ки аз 12 нафар иборат буда, ҳама бо шумули ҳайати сарнишинон аллакай дар карантин ҷойгир шуданд”, - хабар дод ӯ.
Зикр шуд, ки ба қабули қарор дар бораи эълони ҳолати фавқулодда ҳокими шаҳр ҳуқуқ дорад, аммо худи вазир инро алҳол зарур намедонад.
“Пас аз муайян кардани ҳамаи шахсони бо онҳо алоқадошта ё пайдо шудани беморони нав, шояд чуин қарор қабул шавад”, - илова кардааст Биртанов.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кард?
“Иқдоми носанҷида”. Хадамоти алоқа аз ширкатҳои мобилӣ хост, нархи тарофаҳоро дубора боло набаранд
Visa дар бораи рушди технологияҳои рақамии пардохтӣ дар Тоҷикистон нақл кард
Байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ имзо шуд
То охири сол дар Тоҷикистон пас аз таъмиру навсозӣ 5 роҳи мошингард ба истифода дода мешаванд
Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин сафари расмӣ ба Италия ва Ватикан рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста