Ба раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба ифтихори ҷашни миллии Рӯзи аспи давандаи ахалтекинӣ 8 асп туҳфа карданд. Дар ин бора нашрияи “Хроники Туркменистана” хабар медиҳад.

Президенти Туркманистон рӯзи 25-уми апрел дар чорабиниҳои ҷашни Рӯзи аспи давандаи ахалтекинӣ дар ипподроми Ашқобод иштирок кард.

Ин ҷо дар мавзӯи зебоии аспҳои ахалтекинӣ, инчунин байни рассомону бофандагон ва заргарон дар мавриди беҳтарин зебу ороиши аспҳо озмунҳо гузаронида шуданд.

Ба ифтихори ҷашн ва арзи эҳтиром ба Бердимуҳаммедов ҳашт аспи зоти ахалтекинӣ ҳадя карда шуд: яктогӣ аз панҷ вилоят ва шаҳри Ашқобод, якто аз номи ҳарбиёну мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва яктои дигар аз номи ҳамаи асппарварони кишвар.

Президенти Туркманистон ба яке аз аспҳои туҳфашуда савор шуда, каме дар ипподром бо он гаштугузор кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.