Додгоҳи шаҳри Бишкеки Қирғизистон имрӯз шикояти вакили дифои раисҷумҳури собиқи ин кишвар Алмосбек Отамбоевро барои тағйир додани ҷойи ҳасби ӯ рад кард. 

Замир Жоошев, вакили дифои Отамбоев ба "«Азаттик" гуфтааст, ки ӯ аз додгоҳ дархост арда буд, зерҳимояаашро таҳти ҳабси хонагӣ қарор бидиҳад, вале рад шуд. 

«Амалкарди додгоҳҳо, ҳам ноҳиявӣ ва ҳам шаҳрӣ маро дар ҳайрат мегузорад. Ба назар мерасад, ки онҳо мунтазири фармон аз боло ҳастанд.  Онҳое, ки бо ҳамин моддаи КҶ ҶҚ гунаҳкор шудаанд, ба ҳаси хонагӣ гирифта шуданд. Онҳое, ки беморанд дар бемористонҳои хусусӣ муолиҷа мешаванд. Вале Алмосбек Отамбоевро на танҳо барои ҳаси хонагӣ раҳо намекунанд, балки имкон намедиҳанд, ки саломатияшро барқарор кунад», - гуфтааст Жоошев.

Муҳлати будубоши  Отамбоевро дар ҳабси пешакӣ додгоҳ то 7-уми апрел тамдид кардааст. 

Ҳоло раисҷумҳури собиқ дар маҳбаси №47, ҷойе, ки дар охири моҳи декабр бар асари беморӣ аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба он ҷо бурда шуд, қарор дорад. 

Отамбоев дар мавридҳои даст доштан дар фасод, қонунӣ кардани даромадҳои ҷиноӣ, сарватандӯзии ғайриқонунӣ, ғайриқонуни соҳиб шудан ба сарватҳои табӣ ва ғайра муттаҳам мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.