Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, пешниҳод кард, ки Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) даъват карда шаванд. Ӯ ин пешниҳодро 19-уми август дар мулоқот бо Михаил Мишустин сарвазири Русия дар шаҳри Нур-Султон дар миён гузоштааст.

Нурсултон Назарбоев гуфтааст, бояд иқтидори Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тавассути зиёд кардани аъзоёни он тақвият дода шавад. Дар ҳоли ҳозир Русия, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистон аъзои ин созмон мебошанд.

«Ӯзбекистон ва Тоҷикистон  бояд дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС)  бошанд. Боз бо Туркманистон мебояд кор кард. Ман доимо дар ин бора мегӯям”,- гуфтааст Нурсултон Назарбоев

Беш аз ҳафт сол аст, ки мавзӯйи даъвату пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, созмоне, ки зери нуфузи Русия аст, садо медиҳад. Дар гузашта низ мақомоти Русия Тоҷикистонро барои пайвастан ба ин созмон ташвиқ мекард. Аммо Тоҷикистон ҳамвора мегӯяд, суду зиёни дигар кишварҳоро, ки ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аъзо шудаанд, омӯхта истодааст.

Соли гузашта дар моҳи август ва ҳоло низ боз ин мавзӯъ садо дод. Қаблан моҳи августи соли 2020 Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ба рӯзноманигорон гуфта буд “танҳо пас аз омӯзиши дақиқу мӯшикофона ва таҳлил дар бораи узвияти кишвар ба ин Иттиҳод тасмим гирифта мешавад”. Завқизода илова карда буд, ки бо назардошти таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя тамоми паҳлӯҳои мусбату манфии узвият ба ин созмон мавриди омӯзиш қарор дорад.

Аз моҳи декабри соли 2020 Ӯзбекистон мақоми кишвари нозир дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро ба даст овард. Дар сурати пазируфта шудани Ӯзбекистон ба аъзогии ин созмон дар Осиёи Миёна танҳо Тоҷикистону Туркманистон боқӣ мемонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.