Зимни брифинги имрӯза сафии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон бори нахуст дар таърихи кишвар дар интихоботи президентӣ, ки 24 октябр таъин шудаанд, пеш аз муҳлат овоз дода метавонанд.

Ба гуфтаи вай, тибқи меъёрҳои Кодекси нави интихобот, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳақ доранд, ки иродаи худро даҳ рӯз пеш аз интихоби сарвари давлат баён кунанд, аммо на дертар аз се рӯз пеш аз интихобот.

Сафир гуфт, барои баргузории интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ аз буҷети давлатии кишвар ҳудуди 300 млрд сӯми ӯзбекӣ ҷудо шуда, дар саросари ҷумҳурӣ 14 ҳавзаи интихоботӣ ва 10 ҳазору 800 қитъаҳои интихоботӣ таъсис ёфтаанд.

Дипломати ӯзбек ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки имрӯз дар сабти консулгарии сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 902 донишҷӯи ӯзбек ва сохтмончиён сабт шудаанд, ки дар интихобот дар қитъаи таъсисёфта назди сафорати Тошканд дар Душанбе раъй худро изҳор карда метавонанд.

“Илова бар ин, мо ҳамчунин ба шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Турсунзода ва Бохтар қуттиҳо барои овоздиҳӣ мефиристем”, - гуфт Шоисматов.

Ӯ таъкид дошт, ки ҷараёни интихоботи президенти Ӯзбекистонро зиёда аз 800 нозирони байнулмилалӣ аз САҲА, ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва СҲШ пайгирӣ мекунанд.

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон таҳти шиори “Ӯзбекистони нав - имконоти нав” баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.