Девони вазирони Қирғизистон эълом кард, ки ба тартиби вуруду хуруҷи шаҳрвандони Тоҷикистон, ба хусус кормандони намояндагиҳои дипломатӣ тағйирот ворид кардааст. Баъди даргириҳои хунини ахири моҳи апрел Девони вазирони ин кишвар бо судури як қарор, сар аз 21-уми май марзҳояшро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон комилан баста буд.
Бино ба иттилои хабаргузории Akipress, раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов бо имзои як фармон сар аз 1-уми декабри соли 2021 ба фармони қаблан содиркардаи девони вазирони ин кишвар дар 21-уми майи имсол тағйирот ворид кардааст. Ин тағйиру иловаҳо ба хотири ба тартиб даровардани масъалаҳои вуруд, хуруҷ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон, ба хусус кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ дар Қирғизистон ворид карда шудааст.
Ба ин тартиб, ҳамакнун барои аз Тоҷикистон ба Қирғизистон сафар кардани кормандони намояндагиҳои дипломатии Қирғизистону Тоҷикистон, кормандони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо дар Қирғизистон, инчунин аъзои оилаи онҳо ҳуҷҷати таъйидкунандаи хешутаборӣ, аккредитатсия ё шиносномаи дипломатӣ-хизматӣ дошта бошанд, иҷозат дода мешавад. Агар чунин ҳуҷҷатҳо мавҷуд набошад, онҳо метавонанд бо дархости Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон иҷозаи вуруд ба ин кишварро дарёфт кунанд.
Дар тартиботи қаблӣ ба ин гурӯҳ танҳо тавассути пешаки огоҳ кардани Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон барои омадану рафтан, иҷоза дода мешуд.
Инчунин аз Тоҷикистон донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон таҳсил мекунанд ё омӯзгороне, ки кор мекунанд, дар асоси мактуби пешакии пешниҳодшуда ё худ бо дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон ба Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, иҷозаи вуруд дода мешавад.
Оғози моҳи май раиси қаблии девони вазирони Қирғизистон Улуғбек Марипов гуфта буд то ҳалли баҳсҳои марзӣ равуои марзӣ бо Тоҷикистонро комилан қатъ мекунанд. Баъди ин қарори Девони вазирон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ бо судури як қарор аз шаҳрвандони кишвар хост аз рафтани ба Қирғизистон ва кишвари сеюм тавассутини Қирғизистон худдорӣ кунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста