Талант Мамитов намояндаи ҳизби "Интимак" ва аз ҳамнишинони наздики раисҷумҳури Қирғизистон раиси нави порлумони ин кишвар интихоб шуд. Вакилони даъвати VII порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи аввали худмамитовро бо 63 раъйи мувофиқ раиси худ баргузиданд. 

Мамитов аз ин пеш ҳам барои давраи кӯтоҳе раиси порлумони Қирғизистон буд. Дар баробари Мамитов, раиси Ҳизби "Бутун Қирғизистон", Адахан Мадумаров ҳам барои раёсати порлмуон номзад буд, вале бо касби ҳамагӣ 10 раъй шикаст хӯрд.

Талант Мамитов дар порлумони пешин аз ҳизби "Республика - Ата-Журт" вакил буд. Вай дар ибтидои моҳи ноябри соли 2020 - баъди ҳаводиси октябрии Қирғизистон ва истеъфои Сооронбой Ҷеенбеков аз мақоми президентӣ - раиси порлумон интихоб шуда буд. Аз 14 ноябри соли 2020 то 28 январи соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон буд.

Талант Мамитов аз афроди наздики президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба ҳисоб меравад. Дар соли 2010 Мамитов, Ҷабборов ва раиси кунунии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев аз ҳизби "Ата Журт" вакил интихоб шуда буданд. Дар соли 2012 ҳар се ҳамроҳ боздошт шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.