Нерӯҳои посдори сулҳи СПАД аз Арманистон ва Тоҷикистон тариқи 4 ҳавопаймои авиатсияи ҳарбии нақлиётии Неруҳои ҳарбӣ-кайҳонии Русия қаламрави Қазоқистонро тарк карданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Гуфта мешавад, ҳавопаймоҳои Ил-76 аз фурудгоҳи Алмато парвоз кардаанд. Дар 3 ҳавопаймо низомиёни Арманистон ва дар 1-тоаш низомиёни Тоҷикистон интиқол меёбанд, зеро аз Тоҷикистон ба Қазоқистон техникаи ҳарбӣ бурда нашудааст.

Дар ҳавопаймо ҳамроҳи низомиёни Тоҷикистон гуруҳи иборат аз 31 нафар курсантҳои Донишкадаи ҳарбии неруҳои заминии Қазоқистон низ ба таътил ба хонаҳояшон рафтанд. Ситоди амалиёти СПАД дар ҳамин муассисаи таълимӣ амал мекард.

Каме пештар субҳи имрӯз воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон, ки Маркази барқу гармидиҳии 2-ро посбонӣ мекарданд, мустақилона ба ватанашон раҳсипор шуданд.

Дар амалиёти СПАД дар Қазоқистон низомиёни Русия, Беларус, Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок карданд. Ба онҳо ҳифзу посбонии иншоооти аз лиҳози стратегӣ муҳим супурда шуда буд.

Неруҳои Арманистон комбинати нонпазии “Оқсой” ва пойгоҳи обкашии “Дружба”-ро посбонӣ карда,  ҳифзу посбонии Маркази барқу гармидиҳии 1-и Алмато ба дӯши воҳидҳои ҳарбии Тоҷикистон вогузор шуда буд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 13 январ эълон шуд, ки амалиёти неруҳои СПАД дар Қазоқистон муваффақона анҷом ёфта, омодагӣ ҷиҳати бозгашт ба макони истиқрори доимӣ оғоз шуд. Ба амалиёти неруҳои посдори сулҳи СПАД дар Қазоқистон фармондеҳи Неруҳои ҳавоӣ-десантӣ (ВДВ)-и Русия генерал-полковник Андрей Сердюков роҳбарӣ кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.