Муовини вазири корҳои хориҷии Русия, Андрей Руденко гуфтааст, ки "Русия омода аст, ки таҷрибаи бойи худро дар мавриди таъйини хати марз бо Қирғизистон ва Тоҷикистон дар миён гузорад". Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад.
Ин нуктаро Руденко, дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС гуфтааст. Вай рӯзи 10-уми феврал гуфт, “мо таҷрибаи бой дорем, бахусус бо ҳамсояи муштараки онҳо – Қазоқистон”.
Руденко таъкид кардааст, ки вазъ дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон дар водии Фарғона ноором мондааст ва мояи нигаронии ҷиддии Русия мебошад.
“Мо ҳамеша ҷонибдори ҳалли баҳсҳо бо роҳи осоишта ҳастем. Яъне, риояи қатъии созиши оташбас, берун бурдани нерӯҳо ва техникаи низомӣ ва пешгирӣ аз барангехтани кинаю адовати миллӣ, аз ҷумла дар расонаҳо,” – афзудааст ӯ.
Ба қавли Руденко, “то ҳалли мушкили таъин ва нишонагузории марз, такрори муноқишаҳо дар сарҳад аз эҳтимол дур нест.”
Муовини вазири корҳои хориҷии Русия, инчунин, зикр кардааст, ки Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ аз майли Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли баҳсҳо дар рӯҳияи ҳамсоядории нек пуштибонӣ мекунад.
Аз 970 километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ниме аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст ва номуайянӣ ҳар чанд вақт сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешавад.
Дар охири моҳи январи имсол дар марзи миёни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон даргирии хунин сар зад ва аз ду ҷониб даҳҳо нафар захмӣ ва аз тарафи Тоҷикистон ду тан кушта шуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Марги Исфандиёр аз тири камони Рустам. “Ял” ва намоишномаҳои дигари рӯзи панҷуми "Парасту" аз чӣ қисса карданд?
Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2025
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
“Охирин монеа бартараф шуд”. Толибон аз қарори хориҷи номи ин гурӯҳ аз рӯйхати созмонҳои мамнӯи Русия истиқбол карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста