Интихоботи ғайринавбатии президенти Туркманистон 12 марти соли равон баргузор мешавад, хабар додааст ба РИА Новости ёвари раиси Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар Безирген Қараев.

Чанде пеш дар ҷаласаи ғайринавбатии палатаи болоии парлумон - Халқ Маслиҳати (Шӯрои халқӣ) президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов изҳор доштааст, ки акнун ба ҷавонон имкон додан лозим аст, ки идоракунии давлатро ба дасти худ гиранд.

Таврк ки ВАО-и Туркманистон хабар медиҳанд, “дар ин робита ба раиси Комиссияи марказӣ оид ба баргузории интихобот ва раъйпурсӣ супориш дода шудааст, ки мувофиқи Конститутсия ва қонунгузории Туркманистон ба корҳои омодагӣ ва баргузории ин маърака оғоз кунад”.

“Тибқи дастурҳои президенти Туркманистон, Комиссияи марказии интихоботи кишвар ба корҳои омодагӣ барои баргузории интихоботи ғайринавбатии президентӣ, ки 12 март баргузор мешавад, шурӯъ намуд, - гуфтааст ба РИА Новости тариқи телефон ёвари роҳбари Комиссия.

Президенти Туркманистон шаҳрванди Туркманистон интихоб шуда метавонад, ки аз синнаш 40-сола кам  нест, забони давлатиро медонад, камаш 15 соли охир дар Туркманистон кору зиндагӣ карда бошад.

Президенти Туркманистон бевосита аз ҷониби халқи Туркманистон ба муҳлати 7 сол интихоб шуда, аз замон савганд ёд кардан ба иҷрои вазифа шурӯъ мекунад.

Қобили зикр аст, ки маъракаи охирини интихоботи президенти Туркманистон соли 2017 баргузор шуда буд. Тибқи қонун инихоботи навбатӣ бояд соли 2024 доир мегардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.