Аз 15 март фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба реҷаи муқаррарӣ баргардонида мешавад. Ҳамчунин маҳдудиятҳоие, ки барои баргузории тӯйу маъракаҳо ба далели ҳамагирии вируси куруно ҷорӣ шуда буд, бекор карда мешаванд.
Дар ин бора хабаргузории давлатии "Ховар" бо такя ба Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавирус хабар додааст.
Гуфта мешавад назорати бемориҳои сироятӣ танҳо бо пешниҳоди гувоҳиномае, ки воксинро пура фаро гирифта бошед ва бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологии гирифторӣ коронавирус дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Дар ин бора, рӯзи 7 март қарори Cитод ба тасвиб расидааст.
"Қарори мазкур бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ва бо мақсади таъмин намудани фаъолияти пурраи самтҳои хоҷагидорӣ дар мамлакат, ғанигардонии иқтисодиёти кишвар ва боз ҳам мустаҳкамтар намудани робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо давлатҳои ҳамсоя қабул карда шуд",- омадааст дар хабарнома.
Гувоҳиномае, ки дар бораи воксин гирифтан аз тарафи муассисаҳои тандурустии Ӯзбекистон ва кишварҳои дигари ИДМ ба шаҳрвандон дода мешавад, дар Тоҷикистон расман эътироф мешавад.
Дар хабарнома омадааст, ки «ҳангоми ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати пешниҳод кардани маълумотнома бо натиҷаи «манфӣ»-и озмоиши вирусологии кишвари хориҷшуда, ки ба муҳлати то 72 соат эътибор дорад, аз гузаштани озмоиши такрорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд».
Реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ барои пешгирӣ ва паҳншавии сирояти COVID-19 дар миёни мардум бекор карда мешавад.

Дар асоси ҳамин қарори Ситод баргузор кардани тўйи домодию арусӣ ва дигар ҷашну маросими миллӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда мешавад.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ аз 20 июни соли 2020 қарор қабул карда буд, ки туйи хонадоршавӣ муваққатан бояд дар доираи то 100 нафар меҳмон ва танҳо 1 маърака дар маҳалли истиқомат ё дигар муассисаҳои хидматрасонӣ гузаронида шавад. Ҳоло ин маҳдудиятҳо бекор шуданд.
Гуфта мешавад, зимни баргузории маросим дар тарабхонаю ошхонаҳо бояд ҳатман қоидаҳои санитарию гигиенӣ риоя карда шаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2025
Зебинисо Рустамова: Бигзор мансабдор президенти федератсия шавад, агар муовинаш варзишгари касбӣ бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2025
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста