Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон манзили президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро дар деҳаи Кой-Тош ба тавозуни давлат даровард. Дар ин бора Медер Машиев, муовини роҳбари Бунёди идораи амволи Қирғизистон хабар дод.
Машиев гуфт, ин манзил рӯзи 30 май ба тавозуни давлат дароварда шуд.
Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, дида мешавад, вакилони мудофеи Алмосбек Отамбоев бо кормандони Бунёди идораи амволи давлатӣ баҳс доранд. Аз наздикони Отамбоев дархост шуд, ки давоми се рӯз манзилро холӣ кунанд.
"Мо бо талаби қонунӣ инҷо омадем, ин амволи давлат аст", - гуфт Канат Рисқулов, намояндаи дигари Бунёди амволи давлатии Қирғизистон.
Сергей Слесарев, вакили мудофеи Отамбоев гуфт, ки хонаводаи президенти пешин дар бораи давлатӣ кардани манзил огоҳӣ надошт.
"На мо, на хонаводаи президенти пешин ҳеч санади тасдиқкунанда надорем. Санаде ба мо диҳед, ки мо онро баҳо дода тавонем. Ҳоло шумо мегӯед, ки ин манзил давлатӣ аст. Дар кадом асос? Бе ҳузури Отамбоев шумо санад тартиб додед", - гуфт Слесарев.
Рӯзи 23 июни соли 2020 додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон Отамбоевро ба 11 солу 2 моҳи зиндон, бо мусодираи амвол маҳкум кард. Отамбоевро дар озодсозии ғайриқонунии соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев аз зиндон айбдор карданд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2025
“Фарёдҳо, афсӯсҳо аз марги созу сӯзҳо!”. Дарди миллӣ, бонги бедорӣ ва мавқеъгирии Лоиқ Шералӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ
Боз як қоидаи нав барои сафар ба Русия. Сабтиноми ҳатмӣ дар замимаи “Госуслуги RuID”
“Имдодхоҳии кӯдаконро шунида, худро ба хонаи оташгирифта задам”. Саидвалӣ Шарифов - муҳоҷири тоҷике, ки се кӯдаки русро аз сӯхтор наҷот дод, кист?
Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ
Фалсафаи маргу зиндагӣ ва дифои миллату забон. Ёде аз Лоиқ Шералӣ
Дар як бинои Вазорати мудофиа сӯхтор сар задааст
Музокироти бидуни таъхир ва ёддошти тафоҳум миёни Украина ва Русия. Суҳбати телефонии Трамп ва Путин бо чӣ анҷомид?
Global Report 2025: Тоҷикистон дар минтақаи хавфи озуқаворӣ қарор гирифт
Аз Театри ҷавонон то Мозандарони Эрон. Бардошти ҳунармандони тоҷик аз нақшофарӣ дар филми “Пойтахт”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста